Муроҷиати беш аз 4 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба беш аз чаҳор ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ додааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар нимсолаи аввали соли равон ба 4140 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кору фаъолият доранд тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ додааст.
Тибқи иттилдои ин ниҳод, дар ин давра муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мушкилотҳои гуногун ба муроҷиат намудаанд.
Гуфта шудааст, ки ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тавсияҳо ва машваратҳои ҳуқуқиро барои расмикунонӣ дар кишвари иқомат, тартиби гирифтани иҷозаномаи фаъолияти меҳнатӣ, барои бақайдгирии зисти доимӣ ва зисти мувақаттӣ, мусоидат намудан дар ҳалли масъалаҳои судӣ, баргардонидани музди меҳнат, тартиби амалӣ намудани шартномаи меҳнатӣ, риояи ҳуқуқу манфиатҳои шахс дар фаъолияти меҳнатӣ, мусоидат дар ҳали масъалаҳои оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ, сар задани дигар мушкилотҳои маъмулӣ машваратҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират: то 30 июн ҳузури худро дар Русия ба расмият дароред
Зикр шудааст, ки тамоми тавсияҳо ва машваратҳо аз ҷониби мутахассисони ин ниҳод ба таври ройгон дода шудааст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки аз ҷониби Намояндагӣ ба 884 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо кӯмакҳои амалии ҳуқуқӣ расонида шудааст, ки дар ин миён аксари машваратҳои ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои амалии ҳуқуқӣ ба таври мусбат роҳи ҳали худро пайдо намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0