https://sputnik.tj/20210825/muhofizi-raqami-prezident-rutbai-nav-girift-1041886656.html
Сармуҳофизи Президент рутбаи нави генералӣ гирифт
Сармуҳофизи Президент рутбаи нави генералӣ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Мурод Саидов, муҳофизи рақами аввали Эмомалӣ Раҳмон, ки аз аввали ба қудрат расиданаш дар пушти ӯ мебошад, рутбаи нави генералӣ гирифт
2021-08-25T19:45+0500
2021-08-25T19:45+0500
2021-08-25T19:45+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
генерал
нақша
муҳофизат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041880886_0:0:1653:930_1920x0_80_0_0_36030a5a3dccee41d591cd02f232a782.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баробари даҳҳо нафари дигар Мурод Саидзода низ рутбаи навбатӣ гирифтааст. Рутбаи ҷадиди Мурод Саидзода генерал - лейтенант мебошад. Мурод Саидзода зодаи ноҳияи Восеъ, яке аз афроди содиқи Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки аз соли 1992 аз замони ба қудрат расидани Раҳмон, Саидзода ба ҳайси муҳофиз дар паҳлӯи ӯ қарор дорад. Ба ҳайси сармуҳофиз Саидзода раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафарҳои дохилию хориҷияш ҳамроҳӣ мекунад. Дар баробари Мурод Саидзода инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 37 нафар рутбаҳои баланди генералӣ дода шуданд.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.
https://sputnik.tj/20210825/barno-saidvalizoda-nahustin-zani-generali-kist-1041883734.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041880886_186:0:1653:1100_1920x0_80_0_0_f314cf22c9c25b39f00c17afb27c2df3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳофиз, генерал, президент, эмомалӣ раҳмон, мурод саидов
муҳофиз, генерал, президент, эмомалӣ раҳмон, мурод саидов
Сармуҳофизи Президент рутбаи нави генералӣ гирифт
Мурод Саидов, муҳофизи рақами аввали Эмомалӣ Раҳмон, ки аз аввали ба қудрат расиданаш дар пушти ӯ мебошад, рутбаи нави генералӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баробари даҳҳо нафари дигар Мурод Саидзода низ рутбаи навбатӣ гирифтааст. Рутбаи ҷадиди Мурод Саидзода генерал - лейтенант мебошад.
Мурод Саидзода зодаи ноҳияи Восеъ, яке аз афроди содиқи Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки аз соли 1992 аз замони ба қудрат расидани Раҳмон, Саидзода ба ҳайси муҳофиз дар паҳлӯи ӯ қарор дорад. Ба ҳайси сармуҳофиз Саидзода раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафарҳои дохилию хориҷияш ҳамроҳӣ мекунад.
Дар баробари Мурод Саидзода инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 37 нафар рутбаҳои баланди генералӣ дода шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.