Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Амруллоҳ Солеҳ вазъи Панҷшерро шарҳ дод

© Александр ХроленкоДорога в провинции Панджшер (Афганистан)
Дорога в провинции Панджшер (Афганистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Ноиби президенти пешини Афғонистон гуфт, дар вилояти Панҷшер вазъ чӣ гуна аст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Намояндаи мақомоти собиқи Афғонистон, ноиби президент, ки вазифаи раҳбари ҷумҳуриро ба ӯҳда гирифт, Амруллоҳ Солеҳ ба News 18 дар бораи вазъи ягона вилояти озод аз Толибон* нақл кард.
Вай муҳити Панҷшерро "зебо" тавсиф кардааст.
Сиёсатмадор қайд кард, ки қувваҳои муқовимат вазъро дар вилоят пурра зери назорат доранд.
Солеҳ афзуда, ки ӯ дар гирду атрофи Панҷшер бе посбонон ҳаракат мекунад. Пештар навори бозии волейболи мақомдор бо низомиёни афғон дар шабакаҳои интернетӣ паҳн шуд.
Нерӯҳои муқовимат дар Тангии Панҷшер, ки даромад ба дара мебошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Се далел: чаро Толибон* ба Панҷшер ҳамла намекунанд?
Ёдовар мешавем, ки Панҷшер ягона вилояти озод аз Толибон* боқӣ мондааст.
Сарфи назар аз вазъи шиддатнок дар ин минтақа ҳам Толибон* ва ҳам Аҳмад Масъуд гуфтанд, ки мехоҳанд ин масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунанд.
Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон* (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд.
Ҳамлаи печидаи Кобул: ҳадаф Бисмиллоҳ буд, Муҳсинӣ ё Аҳмад Масъуд?
Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.
Аҳмад Масъуд хабари таслим шудани Панҷшерро рад кард
Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.
* - ҳаракати радикалӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0