Афзоиши сироят ба коронавирус: омори тозаи вазорати тандурустии Тоҷикистон

© REUTERS / DANISH SIDDIQUIЛечение больных с коронавирусом
Лечение больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо сироят ба ин беморӣ то ҳол вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 25 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 48 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс рӯзи гузашта 46 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 63 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат таъкид доштааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқимонд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Марговар: нигаронии олимон аз пайдоиши суперштамми вируси корона
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16562 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16360 (98,8%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0