https://sputnik.tj/20210824/jonson-bayden-neru-afghoniston-shitob-1041855933.html
Ҷонсон аз Байден мехоҳад, ки дар хориҷ кардани нерӯҳо аз Афғонистон шитоб накунад
Ҷонсон аз Байден мехоҳад, ки дар хориҷ кардани нерӯҳо аз Афғонистон шитоб накунад
Sputnik Тоҷикистон
Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё азм дорад, ки Ҷо Байденро муътақид созад, ки дар пурра берун овардани нерӯҳо аз Афғонистон саросема нашавад
2021-08-24T16:00+0500
2021-08-24T16:00+0500
2021-08-24T16:00+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
"ҳафтгонаи бузург" (g7)
нерӯҳои интизомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032660141_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_70db4acef7485dc679d0470635d77417.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Роҳбарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" бо ташаббуси Лондон вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш, ки 24 август тариқи видеоӣ баргузор мешавад, Ҷонсон талош мекунад, Байденро муътақид созад, то дар хориҷ кардани нерӯ аз Афғонистон шитоб накунад, навиштааст РИА Новости. Дар машварати роҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" инчунин Антониу Гутерриш даъват шудааст. Талошҳо барои боқӣ мондани нерӯҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи қаблӣ 31 август рӯзи охирони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон мебошад. Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард. Сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, таъкид намуд, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад. Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард.Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210824/se-dalel-tolibon-panjsher-hamla-namekunand-1041853971.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032660141_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_941f3b38251052c9a55e115a300f2cca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир, нерӯ, афғонистон, толибон
сарвазир, нерӯ, афғонистон, толибон
Ҷонсон аз Байден мехоҳад, ки дар хориҷ кардани нерӯҳо аз Афғонистон шитоб накунад
Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё азм дорад, ки Ҷо Байденро муътақид созад, ки дар пурра берун овардани нерӯҳо аз Афғонистон саросема нашавад
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Роҳбарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" бо ташаббуси Лондон вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш, ки 24 август тариқи видеоӣ баргузор мешавад, Ҷонсон талош мекунад, Байденро муътақид созад, то дар хориҷ кардани нерӯ аз Афғонистон шитоб накунад, навиштааст РИА Новости.
Дар машварати роҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" инчунин Антониу Гутерриш даъват шудааст. Талошҳо барои боқӣ мондани нерӯҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи қаблӣ 31 август рӯзи охирони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон мебошад.
Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард.
Сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, таъкид намуд, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад.
Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард.
Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар