https://sputnik.tj/20210824/habib-afghonho-puzish-1041864199.html
Ҳабиб аз афғонҳо пӯзиш хост - видео
Ҳабиб аз афғонҳо пӯзиш хост - видео
Афғонистониҳо Нурмуҳаммадовро пас аз посухи дағалаш ба рӯзноманигоре, ки аз ӯ мехост мавқеашро дар мавриди вазъи Афғонистон рӯшан кунад, интиқод карданд 24.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-24T19:29+0500
2021-08-24T19:29+0500
2021-08-24T19:29+0500
сиёсат
ҷавонон ва варзиш
афғонистон
ҳабиб нурмуҳаммадов
дар русия
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032686140_0:0:3053:1717_1920x0_80_0_0_dc1e4f18aa6f887d70420b92d779303f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC, зодаи Доғистон, ки дар Тоҷикистон низ шӯҳрати зиёд дорад, пас аз як ҷавоби тундаш дар робита бо вазъи Афғонистон аз мардуми он кишвар узр пурсидааст.Ин варзишкор, ки чанд рӯз пештар ба эҳсос "он кишвар аз ман ҳазорҳо километр дур аст ва ба ман дахл надорад" мегуфт, дар изҳороти наваш зикр намудааст, ки мардуми афғонро хуб мешиносад."Ман бо мардуми Афғонистон муносибати наздик дорам. Дӯстони ман аз шумори афғонҳо кам нестанд. Пештар вақте гуфтам, ки шарҳ додани вазъи сиёсӣ кори ман нест, фикр мекунам, маро нодуруст фаҳмиданд. Умедворам, онҳо маро мебахшанд. Агар касеро ранҷонда бошам, мехоҳам бахшиш пурсам ", - гуфтааст Нурмуҳаммадов дар нишасти матбуотӣ.Ба андешаи ӯ, ҳар кас метавонад хато кунад, аммо ӯ намехост бигӯяд, ки вазъ дар Афғонистон ба ӯ тааллуқ надорад. Тавре ки варзишгар гуфт, ӯ намехост, ки вазъи сиёсиро муҳокима кунад. Мардуми афғон хеле пурсабранд, онҳо дар тӯли торих ҳодисаҳои зиедеро аз сар гузаронидаанд. Албатта, барояшон нигаронам. Мехоҳам ба онҳо тамоми хушиҳоро таманно кунам", - афзудааст Ҳабиб.Ёдрас мешавем, пештар сокинони Афғонистон посухи тунди Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба рӯзноманигоре, ки назарашро оид ба вазъи Афғонистон мепурсид, интиқод карда буданд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032686140_138:0:2869:2048_1920x0_80_0_0_722cf1db06e68ec8abbc5bb21b9c7f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
сиёсат , ҷавонон ва варзиш, афғонистон, ҳабиб нурмуҳаммадов, дар русия
сиёсат , ҷавонон ва варзиш, афғонистон, ҳабиб нурмуҳаммадов, дар русия
Ҳабиб аз афғонҳо пӯзиш хост - видео
Афғонистониҳо Нурмуҳаммадовро пас аз посухи дағалаш ба рӯзноманигоре, ки аз ӯ мехост мавқеашро дар мавриди вазъи Афғонистон рӯшан кунад, интиқод карданд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC, зодаи Доғистон, ки дар Тоҷикистон низ шӯҳрати зиёд дорад, пас аз як ҷавоби тундаш дар робита бо вазъи Афғонистон аз мардуми он кишвар узр пурсидааст.
Ин варзишкор, ки чанд рӯз пештар ба эҳсос "он кишвар аз ман ҳазорҳо километр дур аст ва ба ман дахл надорад" мегуфт, дар изҳороти наваш зикр намудааст, ки мардуми афғонро хуб мешиносад.
"Ман бо мардуми Афғонистон муносибати наздик дорам. Дӯстони ман аз шумори афғонҳо кам нестанд. Пештар вақте гуфтам, ки шарҳ додани вазъи сиёсӣ кори ман нест, фикр мекунам, маро нодуруст фаҳмиданд. Умедворам, онҳо маро мебахшанд. Агар касеро ранҷонда бошам, мехоҳам бахшиш пурсам ", - гуфтааст Нурмуҳаммадов дар нишасти матбуотӣ.
Ба андешаи ӯ, ҳар кас метавонад хато кунад, аммо ӯ намехост бигӯяд, ки вазъ дар Афғонистон ба ӯ тааллуқ надорад.
Тавре ки варзишгар гуфт, ӯ намехост, ки вазъи сиёсиро муҳокима кунад.
Мардуми афғон хеле пурсабранд, онҳо дар тӯли торих ҳодисаҳои зиедеро аз сар гузаронидаанд. Албатта, барояшон нигаронам. Мехоҳам ба онҳо тамоми хушиҳоро таманно кунам", - афзудааст Ҳабиб.
Ёдрас мешавем, пештар сокинони Афғонистон посухи тунди Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба рӯзноманигоре, ки назарашро оид ба вазъи Афғонистон мепурсид, интиқод карда буданд.