Роҳи гурезаҳо баста мешавад? Толибон* ба тахлия аз Кобул чанд рӯз вақт доданд

© REUTERS \ Lance Cpl. Nicholas Guevara/U.S. Marine CorpsАмериканские солдаты в аэропорту Кабула
Американские солдаты в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
Толибон* ба талошҳои шаҳрвандони Афғонистон барои тарки кишвар монеъ мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Кобул нишасти хабарии гурӯҳи тундрави Толибон* баргузор мешавад.
Сухангӯи ин ҳаракат Забиуллоҳ Муҷоҳид дар муколама бо хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд эвакуатсияро то 31 август ба анҷом расонад. Вай ҳамчунин афзуд, ки Толибон* баъд аз санаи эълоншуда тахлияро аз Кобул манъ хоҳанд кард.
Американский солдат с младенцем в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
"Наметавон бе оби дида тамошо кард": тахлияи кӯдакон аз Афғонистон
Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки Толибон* дастрасии шаҳрвандони Афғонистонро ба фурудгоҳи Кобул манъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир роҳи фурудгоҳ баста аст ва танҳо хориҷиён метавонанд ба фурудгоҳ бирасанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз тағйири қудрат дар Кобул, сокинони маҳаллӣ бо ҳар роҳ саъй мекунанд, ки ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ савор шаванд.
Пеш аз ҳама, фарзандони шаҳрвандони Афғонистон, ки бар зидди Толибон* меҷангиданд, ба хизматчиёни ҳарбии хориҷӣ супорида шуданд.
*- гурӯҳи тундрави мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0