https://sputnik.tj/20210823/vada-lord-britoni-noib-vazir-tojikiston-kumak-amniyat-1041839898.html
Ваъдаи лорди бритониёӣ ба дипломати тоҷик барои кумак дар таъмини амният
Ваъдаи лорди бритониёӣ ба дипломати тоҷик барои кумак дар таъмини амният
Sputnik Тоҷикистон
Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Лорд Аҳмад вазъи амниятиро баррасӣ кард
2021-08-23T19:04+0500
2021-08-23T19:04+0500
2021-08-23T19:17+0500
дар тоҷикистон
толибон
аврупо
панҷшер
бритониё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/17/1041839564_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_66e77fc834b00881a7bab8268f53ac98.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти маҷозии Фарҳод Салим бо Лорд Аҳмад Уимбелдон 23 август баргузор шуда, зимни он дар бораи амнияти минтақавӣ ва вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Манба афзуд, ки вазири давлатӣ Лорд Аҳмад бори дигар омодагии кишварашро барои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид кард.Лорд Аҳмад, соҳибкору сиёсатмадори покистониасли Бритониёи Кабир мебошад, ки аз соли 2017 дар мақоми вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ кор мекунад. Ин ваъдаи вазири бритониёӣ дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас вазъи амниятиро баррасӣ намуд.Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, о бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд.Суҳбати дипломатҳои тоҷик ба мақомдорони аврупоӣ дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои охир Толибон* марзу марказҳои асосии Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда, изҳор медоранд, ки барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул мубориза хоҳанд кард. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин бархӯрд метавонад ҷанги нави шаҳрвандиро дар Афғонистон ба вуҷуд орад. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210823/maskav-niyat-daholat-dastgiri-neruho-panjsher-1041837870.html
аврупо
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/17/1041839564_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_78882021d62d0fa08f39899039b2a7bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷшер, амният, дипломат, тоҷикистон, афғонистон
панҷшер, амният, дипломат, тоҷикистон, афғонистон
Ваъдаи лорди бритониёӣ ба дипломати тоҷик барои кумак дар таъмини амният
19:04 23.08.2021 (Навсозишуда: 19:17 23.08.2021) Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Лорд Аҳмад вазъи амниятиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти маҷозии Фарҳод Салим бо Лорд Аҳмад Уимбелдон 23 август баргузор шуда, зимни он дар бораи амнияти минтақавӣ ва вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Манба афзуд, ки вазири давлатӣ Лорд Аҳмад бори дигар омодагии кишварашро барои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид кард.
Лорд Аҳмад, соҳибкору сиёсатмадори покистониасли Бритониёи Кабир мебошад, ки аз соли 2017 дар мақоми вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ кор мекунад.
Ин ваъдаи вазири бритониёӣ дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас вазъи амниятиро баррасӣ намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, о бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд.
Суҳбати дипломатҳои тоҷик ба мақомдорони аврупоӣ дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои охир Толибон* марзу марказҳои асосии Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда, изҳор медоранд, ки барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул мубориза хоҳанд кард. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин бархӯрд метавонад ҷанги нави шаҳрвандиро дар Афғонистон ба вуҷуд орад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар