Толибон* кафолат доданд: мақомоти Ӯзбекистон гуфт, 150 паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштанд

© AP / Emrah GurelАфганцы гуляют по сельской местности в Татване, Турция
Афганцы гуляют по сельской местности в Татване, Турция  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умӯри хориҷаи Ӯзбекистон ахиран эълом кардааст, ки бар асоси тавофуқ бо гурӯҳи Толибон* 150 паноҳҷӯи афғон ба ин кишвар бозгардонда шуданд
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи як тавофуқ, бо намояндагони гурӯҳи Толибон барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иқдомоти хушунатомез, озор ва азият алайҳи ин афрод 150 шаҳрванди Афғонистон ба хости худашон ба Ватани худ бозгардонда шуданд.
Ҳамчунин вазорати хориҷаи Ӯзбекистон навиштааст, ки тибқи иттилои паноҳҷуёне, ки ба Афғонистон бозгаштанд, пас аз анҷоми иқдомоти ташрифотии расмии лозимӣ алайҳи онҳо, ба онҳо иҷоза дода шуд ба хона бираванд ва акнун дар амнияти комил дар канори хонаводаҳои худ қарор доранд.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки тайи чанд рӯзи ахир 1982 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Ӯзбекистон аз Афғонистон хориҷ шудаанд .
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Суҳбати Раҳмон бо Мирзиёев қабл аз ҷаласа бо президентҳои кишварҳои узви СААД
Гуфта шудааст, ки ҳангоми будубоши кӯтоҳмуддат дар қаламрави Узбекистон, шахсоне, ки аз Афғонистон берун оварда шуданд, бо риояи тамоми чораҳои қатъии карантинӣ ҳама гуна кӯмаки зарурӣ расонида мешаванд ва баъд аз он ҳамаи онҳо бидуни таъхир ба кишварҳои таъинот фиристода мешаванд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0