Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Оё Русия ба Афғонистон низомиёнашро мефиристад: посухи Вазорати хориҷа

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗдание МИД РФ, архивное фото.
Здание МИД РФ, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Русия имкони вуруди нерӯҳои ин кишвар ба Афғонистонро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, барои Русия масъалаи фиристодани низомиёни ба Афғонистон мубрам нест.
Вай таъкид кард, ки вуруди нерӯҳои Русия ба Афғонистон ба манфиати Маскав ҷавобгӯ нест.
"Чунин савол барои мо мубрам нест. Чунин иқдом ба манфиатҳои мо мувофиқ нест. Илова бар ин, мақомоти нави Афғонистон ба барқарор кардани тартибот дар кишвар оғоз кардаанд ва ба дастгирии низомӣ касе ниёз надорад", - гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия.
Вазъи низомию сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат ёфт. Хусусан задухӯрди шадид миёни низомиёни афғон ва ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Толибон* ба Ғанӣ ва Солеҳ афв пешниҳод кард: онҳо мегӯянд, Панҷшер дар муҳосира аст
Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни Толибон* Кобулро ишғол карданд ва вориди қасри раисҷумҳур шуданд. Дар натиҷа, Ашраф Ғанӣ президенти ин кишвар истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
Сипас дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш бо роҳбарии Аҳмад Ҷалолӣ, вазири собиқи умури дохилаи ин кишвар таъсис дода шуд. Сардори дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар Мулло Бародар раҳбари ин кишвар интихоб шуд.
Ягона вилояте, ки ба дасти Толибон* науфтод вилояти Панҷшер аст. Муқовимат бар зидди Толибон8-р Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи шимол, ки 20 сол пеш аз сӯи террористон кушта шуд, раҳбарӣ мекунад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0