https://sputnik.tj/20210823/nuktahoi-asosii-takid-rohbaroni-saad-afghoniston-1041837287.html
Ояндаи Афғонистон чигуна бошад: таъкиди президентҳо ба муколама ва манфиати қавму мазҳабҳо
Ояндаи Афғонистон чигуна бошад: таъкиди президентҳо ба муколама ва манфиати қавму мазҳабҳо
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони кишварҳои узви СААД ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон изҳор доштаанд, ки низоми сиёсиро дар Афғонистон чигуна мебинанд ва ҳокимияти давлатӣ бояд чигуна... 23.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-23T17:11+0500
2021-08-23T17:11+0500
2021-08-23T17:11+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/17/1041836898_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_25b00acea9066a31613818b74b0756ef.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Русия - Владимир Путин ва дабири кулли СААД Станислав Зас вазъи Афғонистон баррасӣ шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ба ҳайси давлати даъватшуда раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ иштирок намуд. Иштирокдорони ҷаласа аз якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон бо нигаронӣ карда, ҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон таъкид намудааст. Онҳо изҳор доштаанд, ки ҳокимият бояд тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар роҳандозӣ гардад. Зикр шудааст, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад, илова намудаанд иштирокдорон. Роҳбарони кишварҳои узви СААД изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда истифода мебаранд. Роҳбарони кишварҳо изҳор медоранд, ки кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш барои суръат бахшидан қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд.
https://sputnik.tj/20210823/maskav-rasmiyat-shinohtani-tolibon-ajala-nadorem-1041832866.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/17/1041836898_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_e65b7352421c019e8b25d472b365bdcf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, толибон, саад
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, толибон, саад
Ояндаи Афғонистон чигуна бошад: таъкиди президентҳо ба муколама ва манфиати қавму мазҳабҳо
Роҳбарони кишварҳои узви СААД ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон изҳор доштаанд, ки низоми сиёсиро дар Афғонистон чигуна мебинанд ва ҳокимияти давлатӣ бояд чигуна барқарор шавад. Таъкид ба манфиати ҳамаи қавмҳо ва қишру мазҳабҳо шудааст
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Русия - Владимир Путин ва дабири кулли СААД Станислав Зас вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ба ҳайси давлати даъватшуда раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ иштирок намуд.
Иштирокдорони ҷаласа аз якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон бо нигаронӣ карда, ҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон таъкид намудааст. Онҳо изҳор доштаанд, ки ҳокимият бояд тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар роҳандозӣ гардад.
Зикр шудааст, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад, илова намудаанд иштирокдорон.
Роҳбарони кишварҳои узви СААД изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда истифода мебаранд. Роҳбарони кишварҳо изҳор медоранд, ки кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш барои суръат бахшидан қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд.