https://sputnik.tj/20210823/-duhtarak-holathoi-favquloda-tojikiston-1041830298.html
Духтаракро наҷот доданду ду ҷавонро натавонистанд: шарҳи ҳодисаҳои фавқулодаи рӯзҳои ахир
Духтаракро наҷот доданду ду ҷавонро натавонистанд: шарҳи ҳодисаҳои фавқулодаи рӯзҳои ахир
Sputnik Тоҷикистон
Дар ду рӯзи истироҳатӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҷасадро аз рӯдхонаҳои кишвар берун оварда, як духтаракро аз паси дари баста наҷот додаанд
2021-08-23T13:18+0500
2021-08-23T13:18+0500
2021-08-23T13:42+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
наҷот
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315236_0:141:2049:1293_1920x0_80_0_0_aa030f245a3baa0d068bc432a1ac18ef.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар ду рӯзи ахир, шанбе ва якшанбе - рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон чанд ҳодисаи фавқулода сабт шудааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯйдодҳои мазкурро шарҳ додааст. Бино бар иттилои манбаъ, танҳо 22 август, ҷасади ду ҷавонро аз рӯдҳои кишвар берун овардаанд. Яке аз онҳо ҳанӯз се рӯз пеш ғарқ шуда будааст.Ҳамин тавр, манбаъ менависад, "дастаи зудамали наҷоти КҲФ дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми август, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд". Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шуда буд. Ҳамзам он аз пайдо шудани як ҷасади ғарқшудаи дигар дар ноҳияи Сангвор хабар дода мешавад. Рӯзи 22-уми августи соли равон тахминан соати 16:20 дақиқа як ҷавони 29-сола, сокини деҳаи Тиговуни ҷамоати деҳоти Шукнови ноҳияи Ховалинг вақти оббозӣ дар дарёи Хингов ғарқ шудааст. Ҷасади номбурда аз ҷониби сокинони деҳаи Чуроғ 8 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, аз наздикии деҳаи Хондараи ҷамоати деҳоти Чилдара пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Шаби 21-уми августи соли равон як сокини кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву фарзанди ноболиғаш дар дохили хона танҳо мондааст. Кормандони наҷоти Раёсат баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро боз кардаву духтари ноболиғро саломат ба модараш супурданд.
https://sputnik.tj/20210813/khf-5-kudak-yak-soat-dar-dohili-lift-darmondaand--1041626846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315236_40:0:1863:1367_1920x0_80_0_0_91e1473ee4eed50d4058d496ead4b029.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
вкд
Духтаракро наҷот доданду ду ҷавонро натавонистанд: шарҳи ҳодисаҳои фавқулодаи рӯзҳои ахир
13:18 23.08.2021 (Навсозишуда: 13:42 23.08.2021) Дар ду рӯзи истироҳатӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҷасадро аз рӯдхонаҳои кишвар берун оварда, як духтаракро аз паси дари баста наҷот додаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар ду рӯзи ахир, шанбе ва якшанбе - рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон чанд ҳодисаи фавқулода сабт шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯйдодҳои мазкурро шарҳ додааст. Бино бар иттилои манбаъ, танҳо 22 август, ҷасади ду ҷавонро аз рӯдҳои кишвар берун овардаанд. Яке аз онҳо ҳанӯз се рӯз пеш ғарқ шуда будааст.
Ҳамин тавр, манбаъ менависад, "дастаи зудамали наҷоти КҲФ дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми август, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд".
Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шуда буд.
Ҳамзам он аз пайдо шудани як ҷасади ғарқшудаи дигар дар ноҳияи Сангвор хабар дода мешавад. Рӯзи 22-уми августи соли равон тахминан соати 16:20 дақиқа як ҷавони 29-сола, сокини деҳаи Тиговуни ҷамоати деҳоти Шукнови ноҳияи Ховалинг вақти оббозӣ дар дарёи Хингов ғарқ шудааст.
Ҷасади номбурда аз ҷониби сокинони деҳаи Чуроғ 8 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, аз наздикии деҳаи Хондараи ҷамоати деҳоти Чилдара пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Шаби 21-уми августи соли равон як сокини кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву фарзанди ноболиғаш дар дохили хона танҳо мондааст.
Кормандони наҷоти Раёсат баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро боз кардаву духтари ноболиғро саломат ба модараш супурданд.