https://sputnik.tj/20210822/suhbat-vaziri-olmon-tahkimi-sarhad-neruhoi-tojikiston-1041816817.html
Суҳбат бо вазири Олмон барои таҳкими ҳифзи сарҳаду иқтидори нерӯҳои Тоҷикистон
Суҳбат бо вазири Олмон барои таҳкими ҳифзи сарҳаду иқтидори нерӯҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Олмон дар пасманзари ҳаводиси охири Афғонистон таҳкими иқтидори мақомоти тоҷикро баррасӣ кардаанд
2021-08-22T10:40+0500
2021-08-22T10:40+0500
2021-08-22T10:40+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
афғонистон
олмон
вазири умури хориҷаи тоҷикистон
суҳбат
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_0:151:2879:1770_1920x0_80_0_0_090c96749964607ee0d6b145ee4e6e41.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин ва Маас, ҳавасмандияшонро ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баён доштанд. "Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад", - омадааст дар иттилоия.Аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ будааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд.Ҷонибҳо инчунин ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ таъкид намудаанд. Баррасии вазъи Афғонистону минтақа дар ҳолест, ки қудратро дар марзу марказҳои асосии Афғонистон созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон - Толибон* ба даст оварда, эълон намудаанд, ки тибқи қавонини шариат ҳукумат хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210716/shavkat-mirziyoev-sirojiddin-muhriddin-afghonistonro-1040945751.html
афғонистон
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038790050_159:0:2718:1919_1920x0_80_0_0_6ea0c624284218a32b30a3bdae2da6f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, олмон, ҳамкорӣ, толибон, афғонистон
сироҷиддин муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, олмон, ҳамкорӣ, толибон, афғонистон
Суҳбат бо вазири Олмон барои таҳкими ҳифзи сарҳаду иқтидори нерӯҳои Тоҷикистон
Тоҷикистону Олмон дар пасманзари ҳаводиси охири Афғонистон таҳкими иқтидори мақомоти тоҷикро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳриддин ва Маас, ҳавасмандияшонро ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баён доштанд.
"Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад", - омадааст дар иттилоия.
Аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ будааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ таъкид намудаанд.
Баррасии вазъи Афғонистону минтақа дар ҳолест, ки қудратро дар марзу марказҳои асосии Афғонистон созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон - Толибон* ба даст оварда, эълон намудаанд, ки тибқи қавонини шариат ҳукумат хоҳанд кард.