Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыборы президента в Таджикистане
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, теъдоди онҳое, ки шифо ёфтаанд аз мубталошудаҳо зиёдтар аст. Ҳамчунин 68 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат ёфтанд, омадааст дар омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Бидуни фавт: омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 21 август дар кишвар 16 ҳазору 423 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16174 нафар (98,5%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд. Охирин ҳолати фавт аз коронавирус 17 август сабт гардидааст.
Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0