https://sputnik.tj/20210821/panohanda-afghoniston-uzbekiston-kudak-tavallud-1041813471.html
Паноҳандае аз Афғонистон дар Ӯзбекистон кӯдак таваллуд кард
Паноҳандае аз Афғонистон дар Ӯзбекистон кӯдак таваллуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ медоранд
2021-08-21T19:00+0500
2021-08-21T19:00+0500
2021-08-21T19:00+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
тошканд
ӯзбекистон
таваллуд
писар
ҳомила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032734707_0:283:2637:1766_1920x0_80_0_0_14d2589eaad08c05418890ebd9f5005d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар байни гурезаҳое, ки аз Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд, як зани ҳомиладор буд. Шомгоҳӣ занро дарди фарзанд қапидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.Зани ҳомиладор фавран ба таваллудхонаи клиникии рақами 4 -и шаҳри Тошканд интиқол дода шудааст. Дар ин ҷо бонуи 22-сола фарзанди нахустини худ-писареро бо вазни 3 кило ва 840 грамм таваллуд кардааст.Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ медоранд.Дар фурудгоҳе, ки аз Афғонистон парвозҳо қабул мешаванд, маркази тиббӣ ташкил карда шудааст, ки ба он кормандони хадамоти тиббӣ-санитарию эпидемиологӣ, инчунин гурӯҳҳои навбатдории ёрии таъҷилии Тошканд шомиланд. Дар сурати зарурат ба паноҳандагон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Имрӯзҳо, бинобар вазъи душвори Афғонистон, кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони худ ва паноҳандагони афғонро аз Кобул тавассути қаламрави Ӯзбекистон мекӯчонанд. Барои ташкили ин раванд як қатор сарони давлатҳо бо дархости кумак ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардаанд. Ба ин далел, терминали фурудгоҳи Тошканд-3 барои мусофирон муваққатан баста шудааст.
https://sputnik.tj/20210821/afghon-ubur-sarhad-uzbekiston-1041812688.html
https://sputnik.tj/20210821/tojikiston-tarnzit-afghoniston-1041808440.html
афғонистон
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032734707_0:35:2637:2013_1920x0_80_0_0_b59849cfde95cdb5f85616b1481496f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таваллуди писар, зани ҳомила, паноҳанда, ӯзбекистон
таваллуди писар, зани ҳомила, паноҳанда, ӯзбекистон
Паноҳандае аз Афғонистон дар Ӯзбекистон кӯдак таваллуд кард
Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ бидоранд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар байни гурезаҳое, ки аз Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд, як зани ҳомиладор буд. Шомгоҳӣ занро дарди фарзанд қапидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Зани ҳомиладор фавран ба таваллудхонаи клиникии рақами 4 -и шаҳри Тошканд интиқол дода шудааст. Дар ин ҷо бонуи 22-сола фарзанди нахустини худ-писареро бо вазни 3 кило ва 840 грамм таваллуд кардааст.
Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ медоранд.
Дар фурудгоҳе, ки аз Афғонистон парвозҳо қабул мешаванд, маркази тиббӣ ташкил карда шудааст, ки ба он кормандони хадамоти тиббӣ-санитарию эпидемиологӣ, инчунин гурӯҳҳои навбатдории ёрии таъҷилии Тошканд шомиланд.
Дар сурати зарурат ба паноҳандагон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Имрӯзҳо, бинобар вазъи душвори Афғонистон, кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони худ ва паноҳандагони афғонро аз Кобул тавассути қаламрави Ӯзбекистон мекӯчонанд. Барои ташкили ин раванд як қатор сарони давлатҳо бо дархости кумак ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардаанд.
Ба ин далел, терминали фурудгоҳи Тошканд-3 барои мусофирон муваққатан баста шудааст.