https://sputnik.tj/20210821/hushdori-khf-sangrezish-sel-tojikiston-1041811370.html
Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли сангрезиш ва об шудани пиряхҳову омадани сел дар Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли сангрезиш ва об шудани пиряхҳову омадани сел дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Се рӯзи оянд дар кишвар ҳавои гармии тоқатфарсо боқӣ мемонад 21.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-21T14:37+0500
2021-08-21T14:37+0500
2021-08-21T14:37+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сел
сангрезиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973676_0:107:1000:670_1920x0_80_0_0_40504388a10c2ea8d8fe149ec3a3175d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли сангрезиш ва омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар тайи се рӯзи оянд ҳушдор додааст.Манбаъ истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ менависад, ки то 24-уми августи соли 2021 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад."Эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад", - афзудааст КҲФ.Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш мекунад эҳтиётро риоя кунанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва он манотиқе, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикоргоҳ, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд ва ё агар мераванд, пас хеле батаваҷҷуҳ бошанд, на бепарво.Дар ин рӯзҳо бори дигар хабар гирифтани селроҳаҳо ва тоза кардани ҷӯву каналҳо ба манфиат аст.
https://sputnik.tj/20210817/selfaroi-vmkb-hushdor-khf-1041680348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973676_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_5f2efac68cf6a42bbe1e75952076ef0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кҳф, сел, сангрезиш
дар тоҷикистон, кҳф, сел, сангрезиш
Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли сангрезиш ва об шудани пиряхҳову омадани сел дар Тоҷикистон
Се рӯзи оянд дар кишвар ҳавои гармии тоқатфарсо боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли сангрезиш ва омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар тайи се рӯзи оянд ҳушдор додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, то 24-уми август ҳавои гарм дар бештари минтақаҳо боқӣ мемонад.
Манбаъ истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ менависад, ки то 24-уми августи соли 2021 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.
"Эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад", - афзудааст КҲФ.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш мекунад эҳтиётро риоя кунанд.
Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва он манотиқе, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикоргоҳ, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд ва ё агар мераванд, пас хеле батаваҷҷуҳ бошанд, на бепарво.
Дар ин рӯзҳо бори дигар хабар гирифтани селроҳаҳо ва тоза кардани ҷӯву каналҳо ба манфиат аст.