https://sputnik.tj/20210820/prezident-puli-davlat-sarukor-zanon-beshtar-1041773497.html
Президент хост, миёни онҳое, ки бо пули давлат сарукор доранд, занон бештар бошанд
Президент хост, миёни онҳое, ки бо пули давлат сарукор доранд, занон бештар бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бештар шудани теъдоди занон миёни кормандони бахши молияи кишвар шуд
2021-08-20T18:15+0500
2021-08-20T18:15+0500
2021-08-20T18:15+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати молия
буҷа
занон
бонувон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041772400_0:92:2048:1244_1920x0_80_0_0_70147ec3c4ebe67925baa87f58951171.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Феълан дар низоми Вазорати молияи Тоҷикистон 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин теъдоди занон миёни кормандони бахши молия кофӣ нест. Ӯ инчунин аз камбудӣ дар донишу малакаи кормандони соҳа гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки идораи босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати молияро муваззаф намуд, ки барои ислоҳои ин камбудиҳо чораҷӯӣ кунад. Гилаи раисиҷумҳур аз камбуди занон миёни кормандони бахши молия дар ҳолест, ки ӯ қаблан низ алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа баён дошта буд. Аз ҷумла дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд.
https://sputnik.tj/20210820/rahmon-maqomdoron-kodeks-nav-andoz-1041772510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041772400_134:0:1914:1335_1920x0_80_0_0_7039ccf611eafa4d12a5fa289a9903af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пул, давлат, молия, кор
тоҷикистон, пул, давлат, молия, кор
Президент хост, миёни онҳое, ки бо пули давлат сарукор доранд, занон бештар бошанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бештар шудани теъдоди занон миёни кормандони бахши молияи кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Феълан дар низоми Вазорати молияи Тоҷикистон 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин теъдоди занон миёни кормандони бахши молия кофӣ нест. Ӯ инчунин аз камбудӣ дар донишу малакаи кормандони соҳа гуфт.
"То ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки идораи босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати молияро муваззаф намуд, ки барои ислоҳои ин камбудиҳо чораҷӯӣ кунад.
Гилаи раисиҷумҳур аз камбуди занон миёни кормандони бахши молия дар ҳолест, ки ӯ қаблан низ алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа баён дошта буд. Аз ҷумла дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд.