Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Вуруди "русофобҳо" ба Русия мамнуъ мешавад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкТаможенный пост "Багратионовск" в Калининградской области
Таможенный пост Багратионовск в Калининградской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Обуна шудан
Тарҳи ин қонун посух ба ҳолатҳои зуҳури русофобияи ошкоро дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ аст. Вазорати корҳои дохилӣ ин лоиҳаро пурра дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вакилони "Русияи воҳид" пешниҳод карданд, ки вуруди хориҷиён ва афроди бешаҳрвандӣ дар рӯйхати русбадбинон қарор мегиранд, ба Федератсияи Русия манъ карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Тарҳи қонуни дахлдор аллакай омода шудааст.
Ин чора ба хориҷиён таъсир хоҳад дошт, агар онҳо кинаю адоват барангехта, одамонро дар асоси миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ, забоншиносӣ таҳқир мекунанд, хотираи муҳофизони Ватанро таҳқир мекунанд, шаъну шарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро зери по мекунанд.
Ҳушдори вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: то 30 сентябр буду бошатонро дар Русия қонунӣ кунед
Ҳамчунин, рамзҳои шуҳрати низомии Русия, қабрҳои низомӣ ва дигар ёдгориҳоро, ки хотираи қурбониёни дифои Ватанро ҷовидон мекунанд, несту нобуд мекунанд (вайрон мекунанд), дар бораи ИҶШС дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд.
Ба гуфтаи раиси кумитаи Дума оид ба сиёсати иттилоотӣ, муовини котиби Шӯрои генералии "Русияи воҳид" Александр Хинштейн, ин ҳуҷҷат посух ба ҳолатҳои русбадбинии ошкоро дар фазои пасошӯравӣ буд. Барои "русофоб" - ҳо ва "боқимондаҳои ақидаҳои фашистӣ" бояд дарҳои кишвар баста шаванд, таъкид кард ӯ.
"Аммо, мамнӯъияти вуруд ба маънои бахшидани гуноҳҳо нест. Ҳар як ҳиллаи русофобӣ бояд аз мақомоти давлатҳои дахлдор баҳои муносиби ҳуқуқӣ гирад. Дар ин бора, аз ҷумла, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров бо ҳамтоҳои қазоқ ва қирғизаш суҳбат кард" - гуфт вакил.
Узви Палатаи ҷамъиятии Русия, муовини раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳои Палатаи ҷамъиятӣ Маргарита Лянге низ ин лоиҳаи қонунро "дуруст ва саривақтӣ" гуфт.
Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд
Вай бар ин аст, ки ба шарофати чунин қонун, ҷилави рӯзноманигорони хориҷӣ бахусус блогерҳо аз кишварҳои ИДМ гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0