https://sputnik.tj/20210819/vazorat-sokinoni-dushanbe-koronavirus-vaksina-giriftand-1041732756.html
Вазорат: 77 дарсади сокинони Душанбе бар зидди коронавирус ваксина гирифтанд
Вазорат: 77 дарсади сокинони Душанбе бар зидди коронавирус ваксина гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки маъракаи ваксинагирӣ бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар саросари кишвар ҷараён дорад
2021-08-19T09:45+0500
2021-08-19T09:45+0500
2021-08-19T10:25+0500
дар тоҷикистон
душанбе
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/02/1041348319_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e6de4ed35f3eb07b343ac1227212a0f3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, маъракаи ваксинагирӣ бар зидди бемории каронавируси COVID-19 миёни аҳолии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 77 дарсад иҷро гардидаастТибқи иттилои манбаъ, то ба ҳолати шоми 17 августи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.Манбаъ ёдрас шудааст, ки аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.То ба ҳолати 17 август 29,5 дарсади аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории каронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.Вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар фаъолона ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.Манбаъ зикр таъкид доштааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20210808/roh-navi-hifzi-kudakon-az-koronavirus-1041499184.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/02/1041348319_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e5da1c5771a9455a23371c33816494bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, ваксинагирӣ, ваксина, душанбе,,
тоҷикистон, коронавирус, ваксинагирӣ, ваксина, душанбе,,
Вазорат: 77 дарсади сокинони Душанбе бар зидди коронавирус ваксина гирифтанд
09:45 19.08.2021 (Навсозишуда: 10:25 19.08.2021) Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки маъракаи ваксинагирӣ бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар саросари кишвар ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, маъракаи ваксинагирӣ бар зидди бемории каронавируси COVID-19 миёни аҳолии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 77 дарсад иҷро гардидааст
Тибқи иттилои манбаъ, то ба ҳолати шоми 17 августи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
“Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 212 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.
То ба ҳолати 17 август 29,5 дарсади аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории каронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.
Вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар фаъолона ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.
Манбаъ зикр таъкид доштааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
“Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд”, - илова кардааст вазорати тандурустӣ.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.