https://sputnik.tj/20210819/tolibon-didori-homid-karzay-abdulloh-abdulloh-1041732604.html
Намояндагони Толибон* ба дидори Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтанд
Намояндагони Толибон* ба дидори Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* бо Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Кобул дидору гуфтугӯ карданд
2021-08-19T09:00+0500
2021-08-19T09:00+0500
2021-08-19T10:25+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
абдуллоҳ абдуллоҳ
ҳамид карзай
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491650_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_87c173b5501be596c5bbfe2a5a02156d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, намояндаи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* ба ҳамроҳии чанд нафар аз аъзои дафтари сиёсии ин гурӯҳи бо Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дидор ва дар бораи масъалаҳои гуногуни Афғонистон гуфтугӯ ва ибрози назар карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Бино бар иттилои манбаъ, ин нахустин дидору музокироти аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* бо ин ду чеҳраи шинохтаи сиёсати Афғонистон аст.Ахиран Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар нахустин нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз музокирот бо чеҳраҳои сиёсии Афғонистон барои ташкили давлати фарогир хабар дод.Бояд гуфт, ки Толибон* то кунун дар бораи Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли қудрат, муташаккил аз Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Гулбидин Ҳикматёр, изҳори назар накардааст.Ёдрас мешавем, ки санаи 15 август ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои гурӯҳи Толибон* ба шаҳри Кобул ва фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар, давлати кунуни суқут кард.Гурӯҳи Толибон* бо тасарруфи Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро эълом кард.Ҳамакнун гурӯҳи Толибон* бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.*- созмони террористиии мамнӯъ дар қаламравӣ Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210818/makon-ashraf-ghani-rasman-elon-1041731997.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491650_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_0a403f3b9b9ad5db052acb69053e5bc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ҳомид карзай музокирот абдуллоҳ абдуллоҳ
афғонистон, толибон, ҳомид карзай музокирот абдуллоҳ абдуллоҳ
Намояндагони Толибон* ба дидори Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтанд
09:00 19.08.2021 (Навсозишуда: 10:25 19.08.2021) Намояндагони дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* бо Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Кобул дидору гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, намояндаи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* ба ҳамроҳии чанд нафар аз аъзои дафтари сиёсии ин гурӯҳи бо Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дидор ва дар бораи масъалаҳои гуногуни Афғонистон гуфтугӯ ва ибрози назар карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин нахустин дидору музокироти аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* бо ин ду чеҳраи шинохтаи сиёсати Афғонистон аст.
Ахиран Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар нахустин нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз музокирот бо чеҳраҳои сиёсии Афғонистон барои ташкили давлати фарогир хабар дод.
Бояд гуфт, ки Толибон* то кунун дар бораи Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли қудрат, муташаккил аз Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Гулбидин Ҳикматёр, изҳори назар накардааст.
Ёдрас мешавем, ки санаи 15 август ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои гурӯҳи Толибон* ба шаҳри Кобул ва фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар, давлати кунуни суқут кард.
Гурӯҳи Толибон* бо тасарруфи Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро эълом кард.
Ҳамакнун гурӯҳи Толибон* бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.
*- созмони террористиии мамнӯъ дар қаламравӣ Русия ва Тоҷикистон