https://sputnik.tj/20210819/kumitai-olimpi-varzishgar-tojikiston-paralimpiada-1041734927.html
Кумитаи олимпӣ гуфт, чанд варзишгари Тоҷикистон дар Паралимпиада – 2020 ширкат хоҳад кард
Кумитаи олимпӣ гуфт, чанд варзишгари Тоҷикистон дар Паралимпиада – 2020 ширкат хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳуриро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад
2021-08-19T11:10+0500
2021-08-19T11:10+0500
2021-08-19T11:10+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
токио
ширкат
кумитаи миллии олимпии ҷт
ширкат дар бозиҳои паралимпӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041734844_0:0:751:423_1920x0_80_0_0_f661b4eb7b46717b606d37522bd5b773.png
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад.Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи -2020 як вархзишгар намояндагӣ мекунад.“Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд”, — таъкид доштааст КМО Тоҷикистон.Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.Дар Паралимпиада 4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.
https://sputnik.tj/20210731/tojikiston-olimpiada-tokio-medal-1041329726.html
токио
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041734844_0:0:667:500_1920x0_80_0_0_8c19533a517ed16aad8803a99110c1a1.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи олимпӣ, варзишгар, паралимпиадаи -2020, токио
тоҷикистон, кумитаи олимпӣ, варзишгар, паралимпиадаи -2020, токио
Кумитаи олимпӣ гуфт, чанд варзишгари Тоҷикистон дар Паралимпиада – 2020 ширкат хоҳад кард
Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳуриро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи -2020 як вархзишгар намояндагӣ мекунад.
“Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд”, — таъкид доштааст КМО Тоҷикистон.
Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.
Дар Паралимпиада 4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.