https://sputnik.tj/20210819/ashraf-ghani-bemoriston-bistari-shud-1041745866.html
Ашраф Ғанӣ дар бемористон бистарӣ шуд
Ашраф Ғанӣ дар бемористон бистарӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири пешини вазорати хориҷаи Афғонистон итилоъ дод, ки Ашраф Ғанӣ дар бемористони Абу Даби бистарӣ шудааст
2021-08-19T16:03+0500
2021-08-19T16:03+0500
2021-08-19T16:04+0500
афғонистон
ашраф ғанӣ
осиёи марказӣ
абу-даби
бистарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098837_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_785ef860b0b0b285882f5025d3321a76.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Фахриуддин Қоризода, мушовири пешини Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешинии Афғонистон дар бемористони шаҳри Абу-Дабӣ бистарӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Эрон дар истинод ба бошгоҳи “Хабарнигорони ҷавон”.Қоризода навиштааст, ки тибқи иттилои чанд манбаи дипломатӣ, Ашраф Ғанӣ барои табобат чанд соат пеш ба яке аз марказҳои саломатӣ интиқол дода шудааст.Мақомоти Ааморати Муттаҳидаи Араб (АМА) то ҳол дар ин бора иттилое нашр накардааст.Чанд соат пеш Вазорати корҳои хориҷии АМА эълон кард, ки кишвар Ашраф Ғанӣ ва хонаводаашро ба далели мулоҳизоти башардӯстона пазируфтааст.Ғанӣ рӯзи 15 август дар ҳоле ки Толибон* дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу ватан унвон карданд.Дар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Оман гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, таъкид дошт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кард. Ӯ афзуд, ки Ғанӣ бо худ ҳудуди 169 миллион доллари нақди мардуми Афғонистонро низ бурдааст.Дар ҳамин ҳол Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки гуфта мешавад, худаш низ дар берун аз кишвар қарор дорад, дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғаниро боздошт ва ба Афғонистон истирдод кунанд.Генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ дар хитоб ба Интерпол ҷинояти Ашраф Ғаниро "хиёнат ба Ватан" гуфтаст.Феълан Толибон* марзҳою марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Дар Панҷшер, танҳо вилояти берун аз тасаллути Толибон* нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанду иддао доранд, ки алайҳи ин гуруҳ муқовимат хоҳанд кард.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210818/makon-ashraf-ghani-rasman-elon-1041731997.html
https://sputnik.tj/20210816/saforati-rusiya-ashraf-ghani-mutari-pul-firor-1041669389.html
афғонистон
абу-даби
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098837_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_4060a27877ed65babbfb74f20ce0ccca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ашраф ғанӣ, бистарӣ, бемористон, абу-даби, раисҷумҳури фирорӣ
афғонистон, ашраф ғанӣ, бистарӣ, бемористон, абу-даби, раисҷумҳури фирорӣ
Ашраф Ғанӣ дар бемористон бистарӣ шуд
16:03 19.08.2021 (Навсозишуда: 16:04 19.08.2021) Мушовири пешини вазорати хориҷаи Афғонистон итилоъ дод, ки Ашраф Ғанӣ дар бемористони Абу-Даби бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Фахриуддин Қоризода, мушовири пешини Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешинии Афғонистон дар бемористони шаҳри Абу-Дабӣ бистарӣ шудааст, иттилоъ додааст
Sputnik Эрон дар истинод ба бошгоҳи “Хабарнигорони ҷавон”.
“Манобеъ аз вахомати саломатии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти пешини Афғонистон дар Абу-Даби хабар медиҳанд”, - таъкид дошт ӯ.
Қоризода навиштааст, ки тибқи иттилои чанд манбаи дипломатӣ, Ашраф Ғанӣ барои табобат чанд соат пеш ба яке аз марказҳои саломатӣ интиқол дода шудааст.
Мақомоти Ааморати Муттаҳидаи Араб (АМА) то ҳол дар ин бора иттилое нашр накардааст.
Чанд соат пеш Вазорати корҳои хориҷии АМА эълон кард, ки кишвар Ашраф Ғанӣ ва хонаводаашро ба далели мулоҳизоти башардӯстона пазируфтааст.
Ғанӣ рӯзи 15 август дар ҳоле ки Толибон* дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу ватан унвон карданд.
Дар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Оман гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.
Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, таъкид дошт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кард. Ӯ афзуд, ки Ғанӣ бо худ ҳудуди 169 миллион доллари нақди мардуми Афғонистонро низ бурдааст.
Дар ҳамин ҳол Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки гуфта мешавад, худаш низ дар берун аз кишвар қарор дорад, дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғаниро боздошт ва ба Афғонистон истирдод кунанд.
Генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ дар хитоб ба Интерпол ҷинояти Ашраф Ғаниро "хиёнат ба Ватан" гуфтаст.
Феълан Толибон* марзҳою марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Дар Панҷшер, танҳо вилояти берун аз тасаллути Толибон* нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанду иддао доранд, ки алайҳи ин гуруҳ муқовимат хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар