https://sputnik.tj/20210819/anduhgin-shudem-hamdardii-rahmon-ba-erdughon-1041736731.html
Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Раҳмон бо Эрдӯғон ва мардуми Туркия
Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Раҳмон бо Эрдӯғон ва мардуми Туркия
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст
2021-08-19T11:50+0500
2021-08-19T11:50+0500
2021-08-19T12:06+0500
дар тоҷикистон
туркия
эмомалӣ раҳмон
раҷаб тайиб эрдуғон
барқия
изҳори таслият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/29/1021792997_0:33:2048:1185_1920x0_80_0_0_18f39fd65449b943132ec38d5d54f7f5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Реҷеп Тайип Эрдуғон аз ҷумла гуфта мешавад: " Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии Баҳри Сиёҳ дар Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид"."Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - изҳор доштааст президенти Тоҷикистон дар идомаи паёмаш.Ёдрас мешавем, ки дар пайи обхезии шадид дар Туркия 77 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтааст.Чанд рӯз пеш дар шимоли Туркия офати табиӣ сар зад. Обхези соҳили Баҳри Сиёҳро шуста бурд. Вилоятҳои Синоп, Бартин, Қарабук ва Кастамону зарар диданд ва як қатор деҳот бе барқ монданд.
https://sputnik.tj/20210819/chovushoghlu-muhriddin-zang-zad-vazi-afghoniston-1041734100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/29/1021792997_123:0:1940:1363_1920x0_80_0_0_a94e6d1eb0cf9c969543b20dd5de9d31.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, изҳори тассалӣ, эмомалӣ раҳмон раҷаб тайип эрдуғон, барқия
туркия, изҳори тассалӣ, эмомалӣ раҳмон раҷаб тайип эрдуғон, барқия
Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Раҳмон бо Эрдӯғон ва мардуми Туркия
11:50 19.08.2021 (Навсозишуда: 12:06 19.08.2021) Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Реҷеп Тайип Эрдуғон аз ҷумла гуфта мешавад: " Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии Баҳри Сиёҳ дар Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид".
"Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - изҳор доштааст президенти Тоҷикистон дар идомаи паёмаш.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи обхезии шадид дар Туркия 77 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтааст.
Чанд рӯз пеш дар шимоли Туркия офати табиӣ сар зад. Обхези соҳили Баҳри Сиёҳро шуста бурд. Вилоятҳои Синоп, Бартин, Қарабук ва Кастамону зарар диданд ва як қатор деҳот бе барқ монданд.