https://sputnik.tj/20210819/-hamsar-megardad-4-nafarro-kusht-video-1041754583.html
Вақте ки гуфтанд бо ҳамсарат "мегардад", рафту 4 нафарро кушт - видео
Вақте ки гуфтанд бо ҳамсарат "мегардад", рафту 4 нафарро кушт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи куштори даҳшатбор дар ноҳияи Ҷайҳун билохир ошкор шуд: дар он марде даст доштааст, ки бо гумони хиёнати ҳамсараш 4 танро куштааст 19.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-19T21:30+0500
2021-08-19T21:30+0500
2021-08-19T21:30+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
рашк
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041753997_0:112:939:640_1920x0_80_0_0_5abe42685d67c665468a28859d5fc9d5.png
Як ду моҳ пеш хабари ҳодисаи куштори чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода буд.Ҳодиса 12 июн рух дод. Гуфта мешуд, шахсони номаълум ба хонаи як сокини ноҳия Аҳлиддин Мамадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд.Онҳо бо табар ба 4 фарзанд, худи Аҳлиддин ва ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.Боздошти гумонбарони қатли даҳшатбори падару се фарзандаш дар ҶайҳунДар натиҷа 3 фарзанди мард ва худаш ҳалок шуда, ҳамсар ва як писараш дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфанд. Ин ҳодисаи даҳшатбор барои наздикони кушташудагон ва мақомот муаммоеро мемонд. Гуфта мешуд, Аҳлиддин Мамадов як деҳқони одие буд ва далели амали ҷинояткоронро танҳо фол медиданд.Аммо ВКД аз ошкор шудани ин ҳодиса хабар дод.Ҳамин тавр, бо гумони даст доштан дар куштори Аҳлиддин ва се фарзандаш марде дастгир шудааст, ки ҳамсарашро ба Мамадов рашк кардааст.Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ додДар навори ВКД, Қиёмиддин Насриддинов гумонбари асосӣ нақл мекунад, ки дӯсташ ба Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр дар бораи мунсибатҳои занаш бо Аҳлиддин гуфтааст ва онҳо бо маслиҳати пешакӣ даст ба ин ҷинояти сангин задаанд.Хушбахтона, оташ аланга нагирифтаву изи ҷиноят пок нашудааст.Ҳамчунин дар навор ҳамсари Аҳлиддин намоиш дода мешавад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки Насриддинов ба хонаводаи вай ҳамла кардааст.Нисбати гумонбарон бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041753997_34:0:887:640_1920x0_80_0_0_403fcd55acedc2368c3d97bc7b40c584.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, рашк, навор, видео
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, боздошт, рашк, навор, видео
Вақте ки гуфтанд бо ҳамсарат "мегардад", рафту 4 нафарро кушт - видео
Ҳодисаи куштори даҳшатбор дар ноҳияи Ҷайҳун билохир ошкор шуд: дар он марде даст доштааст, ки бо гумони хиёнати ҳамсараш 4 танро куштааст
Як ду моҳ пеш хабари ҳодисаи куштори чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода буд.
Ҳодиса 12 июн рух дод. Гуфта мешуд, шахсони номаълум ба хонаи як сокини ноҳия Аҳлиддин Мамадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд.
Онҳо бо табар ба 4 фарзанд, худи Аҳлиддин ва ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
Дар натиҷа 3 фарзанди мард ва худаш ҳалок шуда, ҳамсар ва як писараш дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфанд.
Ин ҳодисаи даҳшатбор барои наздикони кушташудагон ва мақомот муаммоеро мемонд. Гуфта мешуд, Аҳлиддин Мамадов як деҳқони одие буд ва далели амали ҷинояткоронро танҳо фол медиданд.
Аммо ВКД аз ошкор шудани ин ҳодиса хабар дод.
Ҳамин тавр, бо гумони даст доштан дар куштори Аҳлиддин ва се фарзандаш марде дастгир шудааст, ки ҳамсарашро ба Мамадов рашк кардааст.
Дар навори ВКД, Қиёмиддин Насриддинов гумонбари асосӣ нақл мекунад, ки дӯсташ ба Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр дар бораи мунсибатҳои занаш бо Аҳлиддин гуфтааст ва онҳо бо маслиҳати пешакӣ даст ба ин ҷинояти сангин задаанд.
"Дуи шаб бо Маҳмадғаюр ду табарро гирифта, ба хонаи Аҳлиддин рафтем. Якум Аҳлиддина бо занашу як бачааш задем, аз онҷо баромада, дар хонаи дуюм бачаҳои дигарашро задем. Соляркаро чошида, хонаҳоро оташ задем", - нақл мекунад марди гумонбаршуда.
Хушбахтона, оташ аланга нагирифтаву изи ҷиноят пок нашудааст.
Ҳамчунин дар навор ҳамсари Аҳлиддин намоиш дода мешавад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки Насриддинов ба хонаводаи вай ҳамла кардааст.
Нисбати гумонбарон бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.