https://sputnik.tj/20210818/vaziri-difoi-afghoniston-bozdoshti-ashraf-ghani-1041712563.html
Вазири дифои Афғонистон хостори боздошти Ашраф Ғанӣ шуд
Вазири дифои Афғонистон хостори боздошти Ашраф Ғанӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Афғонистон, даъват кардааст, ки Ашраф Ғанӣ дар хориҷ боздошт шаваду ба Кобул интиқол ёбад
2021-08-18T14:45+0500
2021-08-18T14:45+0500
2021-08-18T14:45+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ашраф ғанӣ
интерпол
боздошт
истирдод
вазири дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040512566_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_b31fbf2e4567bf373a309a0fb1313005.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешинро, ки аз кишвар фирор кард, боздошт намоянду ба Афғонистон истирдод кунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.Вазири дифоъи генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ аз Интерпол даъват кард, ки Ашраф Ғанӣро, барои "фурӯши Ватан" боздошт кунад.Ёдрас мешавем, ки рӯзи якшанбе расонаҳо хабар доданд, ки ҷангҷӯёни Толибон* тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат доранд.Дертар ҷангҷӯён эълон карданд, ки вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд.Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон худи ҳамон рӯз истеъфо дод ва аз кишвар фирор кард. Ӯ баъдан навишт, ки "ба хотири пешгирӣ аз қатли ом" кишварро тарк кардааст.Шаби душанбе сухангӯи расмии дафтари сиёсии Толибон * Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210818/safiri-afghoniston-tojikiston-ghani-pul-firor-1041708479.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040512566_0:0:853:640_1920x0_80_0_0_28334f89ccc920220aa246881f71dc7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, вазири дифоъ, ашраф ғанӣ, дархости боздошт, истирдод
афғонистон, вазири дифоъ, ашраф ғанӣ, дархости боздошт, истирдод
Вазири дифои Афғонистон хостори боздошти Ашраф Ғанӣ шуд
Вазири дифои Афғонистон, даъват кардааст, ки Ашраф Ғанӣ дар хориҷ боздошт шаваду ба Кобул интиқол ёбад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар як паёмаш дар “Твиттер” аз пулиси байналмилалӣ дархост кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешинро, ки аз кишвар фирор кард, боздошт намоянду ба Афғонистон истирдод кунанд, иттилоъ додааст
РИА Новости.
Вазири дифоъи генерал Бисмиллохон Муҳаммадӣ аз Интерпол даъват кард, ки Ашраф Ғанӣро, барои "фурӯши Ватан" боздошт кунад.
"Онҳое, ки ватанро савдо мекунанд ва мефурӯшанд, бояд боздошту муҷозот шаванд", - навиштааст ӯ дар Твиттер ва зери навиштааш хэштаги "Интерпол, Ғаниро ҳабс кунед" илова кардааст.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи якшанбе расонаҳо хабар доданд, ки ҷангҷӯёни Толибон* тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат доранд.
Дертар ҷангҷӯён эълон карданд, ки вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон худи ҳамон рӯз истеъфо дод ва аз кишвар фирор кард. Ӯ баъдан навишт, ки "ба хотири пешгирӣ аз қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Шаби душанбе сухангӯи расмии дафтари сиёсии Толибон * Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.