https://sputnik.tj/20210818/suhbat-sozishi-putinu-rahmon-sulhomez-afghoniston-1041730138.html
Суҳбат ва созиши Путину Раҳмон барои мусоидат дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон
Суҳбат ва созиши Путину Раҳмон барои мусоидат дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қазияи Афғонистонро баррасӣ кард
2021-08-18T21:05+0500
2021-08-18T21:05+0500
2021-08-19T01:09+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
панҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/67/1028696714_0:81:3073:1809_1920x0_80_0_0_4f2d3c5bd8714654ac9cf4b297c3d2e8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба мусоидати ҳамаҷониба дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд. Зикр шудааст, ки шиддати вазъ дар ин кишвар ба амнияти минтақа таҳдид дорад. "Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон. Раҳмону Путин мувофиқа кардаанд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.Суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки Толибон* марзҳо ва марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб феълан дар Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* ҷамъ омадаанд. Бо вуҷуди таъкиди Толибон*, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистон таҳдиде нест, нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои минтақа ба силсилаи размоишҳо пардохтаанд, ки дар онҳо роҳҳои ҷилавгирӣ ва нобудсозии ҷангиёни эҳтимолӣ аз Афғонистонро тамрин мекунанд. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210818/ahmad-masud-naqsh-oyandai-afghoniston-taqsimi-sarvat-qudrat-1041722212.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/67/1028696714_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_170df7582855c6fadd060043c548126b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тоҷикистон, толибон, панҷшер
афғонистон, тоҷикистон, толибон, панҷшер
Суҳбат ва созиши Путину Раҳмон барои мусоидат дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон
21:05 18.08.2021 (Навсозишуда: 01:09 19.08.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қазияи Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба мусоидати ҳамаҷониба дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд. Зикр шудааст, ки шиддати вазъ дар ин кишвар ба амнияти минтақа таҳдид дорад.
"Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмону Путин мувофиқа кардаанд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.
Суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки Толибон* марзҳо ва марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб феълан дар Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* ҷамъ омадаанд.
Бо вуҷуди таъкиди Толибон*, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистон таҳдиде нест, нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои минтақа ба силсилаи размоишҳо пардохтаанд, ки дар онҳо роҳҳои ҷилавгирӣ ва нобудсозии ҷангиёни эҳтимолӣ аз Афғонистонро тамрин мекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар