https://sputnik.tj/20210818/ghani-dustum-ato-uzbekiston-huzur-nadorand-1041700756.html
Тошканд: Ғанӣ, Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур надоранд
Тошканд: Ғанӣ, Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон хабари фирори Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро ба ин кишвар рад кард
2021-08-18T11:10+0500
2021-08-18T11:10+0500
2021-08-18T11:10+0500
афғонистон
ашраф ғанӣ
ато муҳаммади нур
ӯзбекистон
фирор
абдурашид дӯстум
раддия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0f/1041655234_0:123:945:655_1920x0_80_0_0_7b7006a0815a4ae10a4918ff36b7f564.jpg
https://podrobno.uz/cat/politic/v-uzbekistane-oprovergli-dannye-o-nakhozhdenii-v-strane-ashrafa-gani-abdurashida-dustuma-ata-mukhamm/ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузури Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ додааст хабаргузории Подробно.uz.Манбаъ хабар додааст, ки ин маълумотро хабаргузории “Дунё”, ки ба Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон” вобастааст, паҳн намудааст.Қаблан чанде аз ВАО-и Русия хабар доданд, ки чеҳраҳои низомӣ ва сиёсии ӯзбектабори афғон маршал Абдурашид Дӯстум ҳамроҳи як гурӯҳ ҳарбиён дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта, бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши хабаргузориҳои Reuters, РИА Новостӣ ва ТАСС, маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ба Ӯзбекистон фирор кардаанд.Тавре расонаҳо навиштаанд, Абдурашид Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур 14 август тавассути пули Ҳайратон-Тирмиз вориди Узбекистон шудаанд. Хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки Дӯстум феълан дар Тирмиз аст.Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.Дар эъломия аз касе, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ҳеч ишора нашуда буд.
https://sputnik.tj/20210817/qushunho-marshal-dustum-panjsher-1041698340.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0f/1041655234_0:35:945:744_1920x0_80_0_0_174d7bb2b93ff4e97d4122c1da3f5c49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, дӯстум, ато муҳаммади нур, ғанӣ, ҳузур, фирор
ӯзбекистон, дӯстум, ато муҳаммади нур, ғанӣ, ҳузур, фирор
Тошканд: Ғанӣ, Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур надоранд
Мақомоти Ӯзбекистон хабари фирори Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро ба ин кишвар, рад кард
https://podrobno.uz/cat/politic/v-uzbekistane-oprovergli-dannye-o-nakhozhdenii-v-strane-ashrafa-gani-abdurashida-dustuma-ata-mukhamm/
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузури Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ додааст хабаргузории
Подробно.uz.
Манбаъ хабар додааст, ки ин маълумотро хабаргузории “Дунё”, ки ба Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон” вобастааст, паҳн намудааст.
“Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешаванд, ки гӯё бархе аз ходимон ва роҳбарони гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур доранд. Аз ҷумла, аз Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигарон ном бурда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, ин гуна хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”, - омадааст дар хабар.
Қаблан чанде аз ВАО-и Русия хабар доданд, ки чеҳраҳои низомӣ ва сиёсии ӯзбектабори афғон маршал Абдурашид Дӯстум ҳамроҳи як гурӯҳ ҳарбиён дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта, бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.
Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши хабаргузориҳои Reuters, РИА Новостӣ ва ТАСС, маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ба Ӯзбекистон фирор кардаанд.
Тавре расонаҳо навиштаанд, Абдурашид Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур 14 август тавассути пули Ҳайратон-Тирмиз вориди Узбекистон шудаанд. Хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки Дӯстум феълан дар Тирмиз аст.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.
Дар эъломия аз касе, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ҳеч ишора нашуда буд.