https://sputnik.tj/20210818/dushanbe-amrulloh-soleh-prezidenti-nav-1041707419.html
Сафорати Афғонистон дар Душанбе Амруллоҳ Солеҳро президенти нав эътироф кард
Сафорати Афғонистон дар Душанбе Амруллоҳ Солеҳро президенти нав эътироф кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳири Ағбар гуфт, ки тибқи қонуни давлат, намояндагии дипломатӣ Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси президент эътироф мекунад
2021-08-18T13:06+0500
2021-08-18T13:06+0500
2021-08-18T13:10+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
сиёсат
сафорат
душанбе
афғонистон
эътироф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764922_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7108f241ad7f575b3ed27ee7170c3835.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро сарвари қонунии давлат эътироф мекунанд, менависад оҷонсии "Авеста". Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки пас аз истеъфо ва фирори Ашраф Ғанӣ бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, муовини аввали президент Амруллоҳ Солеҳ сарвари давлат мешавад. Дар мавриди фирори Ғанӣ аз кишвар, дипломати афғон гуфт, ин амал "хиёнат ба ватан ва мардуми худ" аст. Ба гуфти ӯ, собиқ раиси ҷумҳур бо худ 169 миллион доллар бурдааст. Ёдрас мешавем, ки 17 август ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба ҷои Ашраф Ғанӣ, ки аз Афғонистон гурехт, худро раҳбари нави кишвар эълон кард. "Ман дар кишвар ҳастам ва тибқи қонун иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат мешавам. Барои таҳкими ин вазифа ман бо тамоми раҳбарони кишвар машварат мекунам", - навиштааст сиёсатмадор дар Твиттераш ва илова кардааст, ки "ӯ ҳеҷ гоҳ зери ҳукмронии Толибон* хам нахоҳад шуд".Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифааш мешавад. Маълум аст, ки ҳоло Солеҳ, эҳтимолан, дар вилояти Панҷшери Афғонистон аст.* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210817/amrulloh-soleh-rohbari-afghoniston-1041696880.html
https://sputnik.tj/20210817/qushunho-marshal-dustum-panjsher-1041698340.html
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764922_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ea36a1f4525a8af9729a1836f0dc8063.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
солеҳ, президенти нав, афғонистон
солеҳ, президенти нав, афғонистон
Сафорати Афғонистон дар Душанбе Амруллоҳ Солеҳро президенти нав эътироф кард
13:06 18.08.2021 (Навсозишуда: 13:10 18.08.2021) Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки тибқи қонуни давлат, Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси президент эътироф мекунад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро сарвари қонунии давлат эътироф мекунанд, менависад оҷонсии "Авеста".
Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки пас аз истеъфо ва фирори Ашраф Ғанӣ бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, муовини аввали президент Амруллоҳ Солеҳ сарвари давлат мешавад.
Дар мавриди фирори Ғанӣ аз кишвар, дипломати афғон гуфт, ин амал "хиёнат ба ватан ва мардуми худ" аст.
Ба гуфти ӯ, собиқ раиси ҷумҳур бо худ 169 миллион доллар бурдааст.
Ёдрас мешавем, ки 17 август ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба ҷои Ашраф Ғанӣ, ки аз Афғонистон гурехт, худро раҳбари нави кишвар эълон кард.
"Ман дар кишвар ҳастам ва тибқи қонун иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат мешавам. Барои таҳкими ин вазифа ман бо тамоми раҳбарони кишвар машварат мекунам", - навиштааст сиёсатмадор дар Твиттераш ва илова кардааст, ки "ӯ ҳеҷ гоҳ зери ҳукмронии Толибон* хам нахоҳад шуд".
Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифааш мешавад.
Маълум аст, ки ҳоло Солеҳ, эҳтимолан, дар вилояти Панҷшери Афғонистон аст.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.