https://sputnik.tj/20210818/darguzasht-muhammadsaidi-jarrohi-dandon-dushanbe-1041728525.html
Даргузашти Муҳаммадсаиди 21-сола баъди ҷарроҳии дандон дар Душанбе
Даргузашти Муҳаммадсаиди 21-сола баъди ҷарроҳии дандон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе шоми 18 август маросоими видоъ бо ҷавони 21-солае баргузор шуд, ки як рӯз баъди ҷарроҳии дандон даргузаштааст
2021-08-18T19:46+0500
2021-08-18T19:46+0500
2021-08-19T01:23+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
даргузашт
духтурон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041728481_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_6124178708d93ae1d4f680812e765dfc.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Муҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола як рӯз баъди "ҷарроҳии номуваффақ" - и духтурони дандон даргузаштааст, хабар дод Саъдӣ Маҳдӣ, мудири Акдемияи ВАО-и Тоҷикистон ва маъмури гуруҳи фейсбукии "Ормонҳои миллӣ". Ба навиштаи Саъдӣ Маҳдӣ, Муҳаммадсаиди ҷавонмарг рӯзи 17 август дар дармонгоҳи стоматологии маҳаллаи 1-ум Советский ҷарроҳӣ шуда, 18 август дунёро падруд гуфт. Иллати расмии марги ҷавон гуфта нашудааст ва шарҳи дармонгоҳи стоматологӣ низ феълан дастрас нест. Саъдӣ Маҳдӣ навиштааст, ки ин ҳолати дуюми марг дар ин хонавода тайи камтар аз як моҳи охир мебошад. Ҳанӯз як моҳ ҳам нагузаштааст, ки Эшони Азизуллоҳ, падари Муҳаммадсаид дунёро падруд гуфтааст. Дар шарҳи ин навишта даҳҳо корбар аз камбуди хизматрасониҳо дар марказҳои дандонпизишкии кишвар шикоят карда, таъкид мекунанд, ки бархе аз масъулини ин бахш аз табиб дида, бештар чун тоҷир амал мекунанд. Дар Тоҷикистон қаблан низ аз камбудиҳои хизматрасонии дандонпизишкӣ, аз ҷумла риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ шикоятҳо садо медоданд, ки бархе аз мизоҷонро дучори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зарпарвин мекунанд. Ин нукта мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта буд ва дастур дода шуд, ки бидуни маълумотномаҳо дахлдор қабули мизоҷон қатъиян манъ гардад. Мақомот қаблан дар пайи санҷишҳо гузориш дода буданд, ки кори чандин марказҳои дандонпизишкиро ба далели камбудиҳо мутаваққиф карданд.
https://sputnik.tj/20180929/amaro-bemor-karded-dar-shari-Tursunzoda-17-koshonai-usn-va-sartaroshkhonaro-bastand-1026949340.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041728481_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_46053ec4614d658408901e52276d8cc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дандон, марг, ҳалокат, даргузашт, беморӣ
дандон, марг, ҳалокат, даргузашт, беморӣ
Даргузашти Муҳаммадсаиди 21-сола баъди ҷарроҳии дандон дар Душанбе
19:46 18.08.2021 (Навсозишуда: 01:23 19.08.2021) Дар шаҳри Душанбе шоми 18 август маросими видоъ бо ҷавони 21-солае баргузор шуд, ки як рӯз баъди ҷарроҳии дандон даргузаштааст. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқодҳо аз хизматрасониҳои дандонпизишкӣ кишварро ба бор овардааст
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Муҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола як рӯз баъди "ҷарроҳии номуваффақ" - и духтурони дандон даргузаштааст, хабар дод Саъдӣ Маҳдӣ, мудири Акдемияи ВАО-и Тоҷикистон ва маъмури гуруҳи фейсбукии "Ормонҳои миллӣ".
Ба навиштаи Саъдӣ Маҳдӣ, Муҳаммадсаиди ҷавонмарг рӯзи 17 август дар дармонгоҳи стоматологии маҳаллаи 1-ум Советский ҷарроҳӣ шуда, 18 август дунёро падруд гуфт. Иллати расмии марги ҷавон гуфта нашудааст ва шарҳи дармонгоҳи стоматологӣ низ феълан дастрас нест.
Саъдӣ Маҳдӣ
навиштааст, ки ин ҳолати дуюми марг дар ин хонавода тайи камтар аз як моҳи охир мебошад. Ҳанӯз як моҳ ҳам нагузаштааст, ки Эшони Азизуллоҳ, падари Муҳаммадсаид дунёро падруд гуфтааст.
Дар шарҳи ин навишта даҳҳо корбар аз камбуди хизматрасониҳо дар марказҳои дандонпизишкии кишвар шикоят карда, таъкид мекунанд, ки бархе аз масъулини ин бахш аз табиб дида, бештар чун тоҷир амал мекунанд.
Дар Тоҷикистон қаблан низ аз камбудиҳои хизматрасонии дандонпизишкӣ, аз ҷумла риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ шикоятҳо садо медоданд, ки бархе аз мизоҷонро дучори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зарпарвин мекунанд.
Ин нукта мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта буд ва дастур дода шуд, ки бидуни маълумотномаҳо дахлдор қабули мизоҷон қатъиян манъ гардад. Мақомот қаблан дар пайи санҷишҳо гузориш дода буданд, ки кори чандин марказҳои дандонпизишкиро ба далели камбудиҳо мутаваққиф карданд.