Аҳмадинажод: калашникуфи русӣ ва тарҳи амрикоӣ ҳамеша бо ҳам кор мекунанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМахмуд Ахмадинежад
Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури пешини Эрон дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки калашникуфи русӣ ва тарҳи амрикоӣ ҳамеша бо ҳам кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон дар Твиттер бо ишора бар вазъияти Афғонистон ва пирӯзии Толибон навишта аст, ки то онҷо ки ба хотир дорам, калашникофи русӣ ва тарҳи амрикоӣ ҳамеша бо ҳам кор мекарданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар поёни твиташ навиштааст: Афғонистон, Толибон.
Аз диди огаҳон ӯ киноя ба Амрико ва Русия зада аст, ки ҳамеша дар ҷаҳон тарҳи ҷангро Амрико мекашаду, аммо калашникуфи русӣ дар ҷангҳо хуб кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар аксари ҷангҳои ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон, тарафҳои даргир аз калашниковҳои русӣ истифода мебаранд.
Рӯзи якшанбе расонаҳо гуфтанд, ки ҷангиён тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат доранд.
Дертар ҷангиён гуфтанд, ки вориди Кобул шуда, қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Шаби душанбе сухангӯи расмии дафтари сиёсии Толибон * Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0