Ду адиби тоҷик соҳиби унвони нависандаи халқии Тоҷикистон шуданд

© Depositphotos.com \ IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз эътои унвони фахрии нависандаи халқӣ ба ду адиби тоҷик хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бахтиёр Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон соҳиби унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон шуданд, хабар додааст Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ.
Ато Мирхоҷа аз Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон чун устодони сухан зикр карда, барояшон илҳоми саршори эҷодӣ ва баракат дар кори адабиётро таманно кардаст.
Дар маҷмуъ ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 120 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд. Маросими супоридани мукофот дар Қасри миллат баргузор гардид.

Аз ҷумла унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро 5 нафар гирифта, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқӣ сазовор дониста шуд. Панҷ нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.
Инчучнин бо фармони раисиҷумҳур, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0