https://sputnik.tj/20210817/videoi-suquti-havopaymo-maskav-1041691172.html
Дар ҳаво оташ гирифт: видеои суқути даҳшатноки ҳавопаймо дар вилояти Маскав
Дар ҳаво оташ гирифт: видеои суқути даҳшатноки ҳавопаймо дар вилояти Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои пешакӣ, сабаби суқути ҳавопаймо оташ гирифтани муҳаррик будааст
2021-08-17T16:40+0500
2021-08-17T16:40+0500
2021-08-17T16:43+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳавопаймо
суқут
вилояти назди маскав
дар русия
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041688280_0:245:1001:808_1920x0_80_0_0_a921e4158f7ccf26c9f27bd6c0a53a4c.png
Шоҳидон суқути як нақлиёти низомии Ил-112В дар вилояти Маскавро наворбардорӣ кардаанд. Ҳангоми фуруд омадан дар наздикии деҳаи Николское муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифт. Дар навор нишон дода шудааст, ки чӣ тавр Ил-112В дар тӯли чанд сония бо таш парвоз мекунад ва сипас поён фаромада, дар ҷангал меафтаду метаркад. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили ҳавопаймо се узви экипаж буданд, ки ҳамагӣ ҷон аз даст доданд. Фармондеҳ халабони шоистаи озмоишӣ Қаҳрамони Русия Николай Куимов буд. Суқути ҳавопаймои Ан-28 дар наздикии Томск: тақдири мусофирон номаълумМаълум аст, ки пеш аз суқут ба экипаж муяссар шудааст, ки дар бораи сӯхтор хабар диҳад. Як манбаъ ба РИА Новости гуфтааст, ки сабаби фалокат сӯхтор дар муҳаррики рост будааст. Ин версия аз ҷониби United Aircraft Corporation тасдиқ карда шуд. Бояд қайд кард, ки Ил-112В ҳавопаймои насли нави нақлиёти сабук аст, ки онро заводи авиатсионии Воронеж истеҳсол мекунад. Ҳавопаймо дар Амрико болои як хона сарозер шуду чанд нафарро кушт - наворИн насли ҳавопаймо, бояд Ан-24 ва Ан-26-ро иваз кунад. Ҳавопаймо барои интиқол ва фуруд овардани кормандони низомӣ, силоҳ, таҷҳизоти сабук ва дигар борҳо бо вазни то панҷ тонна истифода мешавад. Ил-112В нахустин парвози худро дар соли 2019 анҷом дода буд.
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041688280_0:152:1001:902_1920x0_80_0_0_40c3af10b58f9f9a3a86e2ca87ea0820.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суқути ҳавопаймо, вилояти маскав, суқут,
суқути ҳавопаймо, вилояти маскав, суқут,
Дар ҳаво оташ гирифт: видеои суқути даҳшатноки ҳавопаймо дар вилояти Маскав
16:40 17.08.2021 (Навсозишуда: 16:43 17.08.2021) Тибқи иттилои пешакӣ, сабаби суқути ҳавопаймо, оташ гирифтани муҳаррик будааст
Шоҳидон суқути як нақлиёти низомии Ил-112В дар вилояти Маскавро наворбардорӣ кардаанд.
Ҳангоми фуруд омадан дар наздикии деҳаи Николское муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифт. Дар навор нишон дода шудааст, ки чӣ тавр Ил-112В дар тӯли чанд сония бо таш парвоз мекунад ва сипас поён фаромада, дар ҷангал меафтаду метаркад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили ҳавопаймо се узви экипаж буданд, ки ҳамагӣ ҷон аз даст доданд. Фармондеҳ халабони шоистаи озмоишӣ Қаҳрамони Русия Николай Куимов буд.
Маълум аст, ки пеш аз суқут ба экипаж муяссар шудааст, ки дар бораи сӯхтор хабар диҳад.
Як манбаъ ба РИА Новости гуфтааст, ки сабаби фалокат сӯхтор дар муҳаррики рост будааст. Ин версия аз ҷониби United Aircraft Corporation тасдиқ карда шуд.
Бояд қайд кард, ки Ил-112В ҳавопаймои насли нави нақлиёти сабук аст, ки онро заводи авиатсионии Воронеж истеҳсол мекунад.
Ин насли ҳавопаймо, бояд Ан-24 ва Ан-26-ро иваз кунад.
Ҳавопаймо барои интиқол ва фуруд овардани кормандони низомӣ, силоҳ, таҷҳизоти сабук ва дигар борҳо бо вазни то панҷ тонна истифода мешавад.
Ил-112В нахустин парвози худро дар соли 2019 анҷом дода буд.