https://sputnik.tj/20210816/uzbekiston-havopaymo-afghoniston-marzshikani-1041675125.html
Ӯзбекистон ҳавопаймои низомии Афғонистонро зимни марзшиканӣ зад
Ӯзбекистон ҳавопаймои низомии Афғонистонро зимни марзшиканӣ зад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои Афғонистон зимни убури марзи Ӯзбекистон ҳадафи зарба қарор гирифтааст
2021-08-16T19:41+0500
2021-08-16T19:41+0500
2021-08-16T19:41+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
суқут
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101734/21/1017342162_0:139:3022:1839_1920x0_80_0_0_165b72516dea5f4ca3041ed949e49631.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳадафи зарбаи нерӯҳои мудофиаи ҳавоии Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод РИА Новости бо такя ба Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон. Ин зарба дар пайи қасди ҳавопаймо барои убури марзи Ӯзбекистон андешида шуд. "Дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ аз қасди убури ғайриқонунии марз аз сӯи ҳавопаймоии низомии Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд", - хабар доданд дар ин ниҳод. Қаблан аз суқути ҳавопаймои ҳамлагари A-29 Super Tucano дар марз бо Афғонистон хабар дода шуд. Дар шабакаҳо наворҳо аз ҷои ҳодиса нашр шуданд, ки дар он шикастапораҳои ҳавопаймо ва халабонҳо сабт шудаанд. Ба халабонҳои маҷруҳ кумаки тиббӣ расонда шуда, ду нафарашон дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон* қисмати калони Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ишғол карданд ва раисиҷумҳури пешини он Ашраф Ғанӣ фирор намуд. Гуфта мешавад, ки Ғанӣ ба Оман фирор кардааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
https://sputnik.tj/20210816/nizomiyon-afghon-hoki-tojikiston-1041674383.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101734/21/1017342162_193:0:2829:1977_1920x0_80_0_0_6bb76516b1cfcbb9fb82b7899b86b19e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ӯзбекистон, марз
афғонистон, ӯзбекистон, марз
Ӯзбекистон ҳавопаймои низомии Афғонистонро зимни марзшиканӣ зад
Ҳавопаймои Афғонистон зимни убури марзи Ӯзбекистон ҳадафи зарба қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳадафи зарбаи нерӯҳои мудофиаи ҳавоии Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод
РИА Новости бо такя ба Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.
Ин зарба дар пайи қасди ҳавопаймо барои убури марзи Ӯзбекистон андешида шуд.
"Дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ аз қасди убури ғайриқонунии марз аз сӯи ҳавопаймоии низомии Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд", - хабар доданд дар ин ниҳод.
Қаблан аз суқути ҳавопаймои ҳамлагари A-29 Super Tucano дар марз бо Афғонистон хабар дода шуд. Дар шабакаҳо наворҳо аз ҷои ҳодиса нашр шуданд, ки дар он шикастапораҳои ҳавопаймо ва халабонҳо сабт шудаанд. Ба халабонҳои маҷруҳ кумаки тиббӣ расонда шуда, ду нафарашон дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон* қисмати калони Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ишғол карданд ва раисиҷумҳури пешини он Ашраф Ғанӣ фирор намуд. Гуфта мешавад, ки Ғанӣ ба Оман фирор кардааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.