Русия шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Рамиль СитдиковТрудовые мигранты
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Обуна шудан
Шумораи парвозҳо аз 27 август бештар карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Русия шумораи парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон бештар хоҳад кард.
Аз Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавирус ба хабарнигорон гуфтаанд, ки Русия нақша дорад шумораи парвозҳоро бо панҷ кишвар афзоиш диҳад.
Тағйирёбии ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар асоси мутақобил сурат мегирад.
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Боингҳо куҷо шуданд: ширкати “Тоҷик-Эйр” барои азсаргирии парвозҳо ҳавопаймо надорад
Шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон ва бозгашт ба масири Маскав - Душанбе аз 2 ба 7 парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки парвозҳо ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз дигар фурудгоҳҳои Русия ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин, Русия шумораи парвозҳоро бо Маҷористон, Миср, Кипр ва Қирғизистон афзоиш медиҳад.
Илова бар ин, кишвар нақша дорад аз 27 август маҳдудиятҳои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ ба Ҷумҳурии Доминикан, Кореяи Ҷанубӣ ва Чехияро бекор кунад.
Лентаи хабарҳо
0