https://sputnik.tj/20210816/odamoni-chaspida-havopaymo-navori-mudhish-1041672015.html
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон дар пайи вуруди Толибон* ба Кобул ба чарху қисматҳои берунии ҳавопаймое часпида талоши берун шудан аз кишвар карданд
2021-08-16T17:55+0500
2021-08-16T17:55+0500
2021-08-19T15:00+0500
видео
афғонистон
толибон
фирор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041669919_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_ca632474cec7bb1bbd426bc48e613e6d.jpg
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуруҳе дар талоши фирор аз Афғонистон ба ҳавопаймои низомие мечаспанд. Дар навори дигар ҳавопаймо нишон дода мешавад, ки зимни баланд шудан аз фурудгоҳи Кобул аз баданаи он чизе меафтад. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, инҳо афроде мебошанд, ки бо қасди тарки Афғонистон ба бадани ҳавопаймо часпида буданд. Дар мавриди шумораи дақиқи қурбониён феълан иттилое нест. Феълан фурудгоҳи Кобул ягона роҳ ба берун аз қаламрави Афғонистон гуфта мешавад, ки дар тасарруфи Толибон* нест. Афроди зиёде барои берун шудан аз Афғонистон ба фурудгоҳ ҳозир шуда, беназмие дар кори фурудгоҳро эҷод кардаанд, гузориш медиҳанд расонаҳо. Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд. * - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Афганцы зацепились за шасси вылетавшего из Кабула самолета и упали на землю
Sputnik Тоҷикистон
В Афганистане какой-то ад. Несколько человек погибли, пытаясь улететь из страны, зацепившись за шасси самолета. Об этом сообщают местные СМИ.
2021-08-16T17:55+0500
true
PT0M09S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041669919_141:0:484:257_1920x0_80_0_0_58bc74f693fe8058a22aada8d13f81eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, часпида
толибон, афғонистон, часпида
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
17:55 16.08.2021 (Навсозишуда: 15:00 19.08.2021) Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон дар пайи вуруди Толибон* ба Кобул ба чарху қисматҳои берунии ҳавопаймое часпида талоши берун шудан аз кишвар карданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуруҳе дар талоши фирор аз Афғонистон ба ҳавопаймои низомие мечаспанд. Дар навори дигар ҳавопаймо нишон дода мешавад, ки зимни баланд шудан аз фурудгоҳи Кобул аз баданаи он чизе меафтад. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, инҳо афроде мебошанд, ки бо қасди тарки Афғонистон ба бадани ҳавопаймо часпида буданд.
Дар мавриди шумораи дақиқи қурбониён феълан иттилое нест.
Феълан фурудгоҳи Кобул ягона роҳ ба берун аз қаламрави Афғонистон гуфта мешавад, ки дар тасарруфи Толибон* нест. Афроди зиёде барои берун шудан аз Афғонистон ба фурудгоҳ ҳозир шуда, беназмие дар кори фурудгоҳро эҷод кардаанд, гузориш медиҳанд расонаҳо.
Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.