https://sputnik.tj/20210816/muzokirot-eron-saudi-bozkushoi-saforathonaho-1041667561.html
Музокироти Эрону Саудӣ барои бозкушоии сафоратхонаҳо: суҳбати сафир
Музокироти Эрону Саудӣ барои бозкушоии сафоратхонаҳо: суҳбати сафир
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Ироқ аз музокироти байни Эрону Арабистон барои бозгушоии сафоратхонаҳо дар ду кишвар гуфт
2021-08-16T14:03+0500
2021-08-16T14:03+0500
2021-08-16T14:05+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
сафорат
эрон
бағдод
арабистони саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c934c1972a1823afbe9ab495314ebb71.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Эраҷи Масҷидӣ, сафири Эрон дар Ироқ мегӯяд, гуфтушунидҳо бо мизбонии Бағдод сурат гирифта, изҳори умед кардааст, ки ин музокирот дар марҳилаи баъдӣ низ идома меёбанд. Сафир дар суҳбат бо шабакаи Алъолам иттилоъ дод, ки чанд давр аз гуфтугӯҳо байни Эрону Арабистон дар Ироқ баргузор шуд ва ин гуфтгӯҳо муваққатан ба иллати интиқоли давлат дар Эрон мутаваққиф шудаанд, навиштааст "Парстудей" бо такя ба ИРНА.Ба гуфтаи сафири Эрон дар Бағдод, пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ дар бахши амниятӣ кишварҳои минтақа бояд омода бошанд, ки масъулияти таъмини ҳимояти лозим аз амнияти минтақаиро ба ӯҳда бигиранд . Масҷидӣ таъкид кард, ки Теҳрон ошкоро ҳар гуна ҳузури Амрико дар минтақа ва ба вижа дар Ироқро рад мекунад.Масҷидӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки Теҳрон аз ҳеч шахс ё ҳизби ироқӣ дар муқобили ҳизби дигар дар интихоботи порлумонии оянда ҳимоят нахоҳад кард. "Эрон муносиботи густардае бо ҳамаи ҷараёнҳо ва аҳзоб дошта ва дорад ва ин амрро дар сафарҳои гуногуни масъулони ироқӣ ба Эрон мушоҳида мекунед", - далел овардааст Эраҷи Масҷидӣ.
https://sputnik.tj/20210430/arabistoni-saudi-eron-dust-meshavad-1039167373.html
эрон
бағдод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_665d0fd32343aec80cda204a8b41a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ироқ, арабистони саудӣ
эрон, ироқ, арабистони саудӣ
Музокироти Эрону Саудӣ барои бозкушоии сафоратхонаҳо: суҳбати сафир
14:03 16.08.2021 (Навсозишуда: 14:05 16.08.2021) Сафири Эрон дар Ироқ аз музокироти байни Эрону Арабистон барои бозгушоии сафоратхонаҳо дар қаламрави ҳамдигар гуфт
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Эраҷи Масҷидӣ, сафири Эрон дар Ироқ мегӯяд, гуфтушунидҳо бо мизбонии Бағдод сурат гирифта, изҳори умед кардааст, ки ин музокирот дар марҳилаи баъдӣ низ идома меёбанд.
Сафир дар суҳбат бо шабакаи Алъолам иттилоъ дод, ки чанд давр аз гуфтугӯҳо байни Эрону Арабистон дар Ироқ баргузор шуд ва ин гуфтгӯҳо муваққатан ба иллати интиқоли давлат дар Эрон мутаваққиф шудаанд, навиштааст "Парстудей" бо такя ба ИРНА.
"Музокирот шомили бозгушоии сафоратхонаҳои ду кишвар шуд ва умедворем дар даврҳои баъдӣ гуфтугӯ ба натоиҷи мусбате бирасад", - таъкид намуд Масҷидӣ.
Ба гуфтаи сафири Эрон дар Бағдод, пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ дар бахши амниятӣ кишварҳои минтақа бояд омода бошанд, ки масъулияти таъмини ҳимояти лозим аз амнияти минтақаиро ба ӯҳда бигиранд . Масҷидӣ таъкид кард, ки Теҳрон ошкоро ҳар гуна ҳузури Амрико дар минтақа ва ба вижа дар Ироқро рад мекунад.
Масҷидӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки Теҳрон аз ҳеч шахс ё ҳизби ироқӣ дар муқобили ҳизби дигар дар интихоботи порлумонии оянда ҳимоят нахоҳад кард.
"Эрон муносиботи густардае бо ҳамаи ҷараёнҳо ва аҳзоб дошта ва дорад ва ин амрро дар сафарҳои гуногуни масъулони ироқӣ ба Эрон мушоҳида мекунед", - далел овардааст Эраҷи Масҷидӣ.