https://sputnik.tj/20210816/kobulov-havf-tolibon-afghoniston-doish-1041670811.html
Кобулов: хавф нест, ки Толибон* Афғонистонро монанд ба ДОИШ* мекунад
Кобулов: хавф нест, ки Толибон* Афғонистонро монанд ба ДОИШ* мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Русия интизори онро надорад, ки Толибон* дар Афғонистон давлати монанд бо ДОИШ* хоҳанд сохт
2021-08-16T16:28+0500
2021-08-16T16:28+0500
2021-08-16T16:28+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102518/26/1025182624_0:1:3111:1751_1920x0_80_0_0_d95647c15e704967f56d92a8b92ae8fb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, гуфт ҳавфи онро ки Афғонистони замони Толибон* монанд ба ДОИШ* хоҳад буд. Фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ба суол дар ин бора тариқи "Эхо Москвы" изҳор дошт, чунин хавфро надорад, чун амалан дид, ки чигуна Толибон* бо ДОИШ* мубориза мебаранд. "Дидам, ки чигуна ин Толибон* ба фарқ аз ИМА, НАТО якҷоя бо ҳукумати фироркардаи Афғонистон, ки бо ДОИШ мубориза намебурданду танҳо вонамуд мекарданд, Толибон бо онҳо бемуросо меҷангиданд", - афзуд Кобулов. Ӯ таъкид намуд, ки намояндаи баландпояи Толибон* гуфтаст, бо доишиҳо фақат як гуфтание доранд, ки асирашон намегиранд. Намояндаи махсуси раисиҷумҳури Русия ҳамчунин даъват намуд, ки бояд вазъро марҳила ба марҳила назорат кард, вагарна тахаюлот одамро аз воқеият дур месозанд. Толибон*, ки тамоми марзҳои Афғонистонро ишғол карданд, ахиран эълон доштанд, ки Кобулро низ гирифтаанду дар Кохи раисиҷумҳур қарор доранд.Ҳоло онҳо ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён дар бақия 32 вилояти Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд.Толибон* қариб 20 соли пеш 13 ноябри соли 2001 дар пайи як амалиёти бузурги эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Кобулро тарк карда буданд.*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210816/afghoniston-tolibon-taghyiri-qudrat-aksho-1041668339.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102518/26/1025182624_380:0:3111:2048_1920x0_80_0_0_9c82108a5f80378e9d755ad6324a8acd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, давлат, доиш
толибон, афғонистон, давлат, доиш
Кобулов: хавф нест, ки Толибон* Афғонистонро монанд ба ДОИШ* мекунад
Русия интизори онро надорад, ки Толибон* дар Афғонистон давлати монанд бо ДОИШ* хоҳанд сохт
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, гуфт ҳавфи онро ки Афғонистони замони Толибон* монанд ба ДОИШ* хоҳад буд.
Фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ба суол дар ин бора тариқи "
Эхо Москвы" изҳор дошт, чунин хавфро надорад, чун амалан дид, ки чигуна Толибон* бо ДОИШ* мубориза мебаранд.
"Дидам, ки чигуна ин Толибон* ба фарқ аз ИМА, НАТО якҷоя бо ҳукумати фироркардаи Афғонистон, ки бо ДОИШ мубориза намебурданду танҳо вонамуд мекарданд, Толибон бо онҳо бемуросо меҷангиданд", - афзуд Кобулов.
Ӯ таъкид намуд, ки намояндаи баландпояи Толибон* гуфтаст, бо доишиҳо фақат як гуфтание доранд, ки асирашон намегиранд.
Намояндаи махсуси раисиҷумҳури Русия ҳамчунин даъват намуд, ки бояд вазъро марҳила ба марҳила назорат кард, вагарна тахаюлот одамро аз воқеият дур месозанд.
"Муҳимашро ман ба шумо гуфтам: Толибон* тавре онҳо таъкид мекунанду ман эҳсос мекунам, ки сидқ дар ин ҷо зиёд аст, намехоҳанд тақдири пешинаашонро такрор намоянд", - бовар дорад Кобулов.
Толибон*, ки тамоми марзҳои Афғонистонро ишғол карданд, ахиран эълон доштанд, ки Кобулро низ гирифтаанду дар Кохи раисиҷумҳур қарор доранд.
Ҳоло онҳо ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён дар бақия 32 вилояти Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд.
Толибон* қариб 20 соли пеш 13 ноябри соли 2001 дар пайи як амалиёти бузурги эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Кобулро тарк карда буданд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар