Даври 15-уми Чемпионат: "Истиқлол" тими "Хатлон"-ро голборон кард

Команда Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои даври 15-уми Чемпионати футболи ҷумҳурӣ дастаҳои лигаи олиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, дастаи "Файзканд"-и Восеъ дар майдони худ аз тими "Истаравшан" бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои тими Истаравшанро Илҳом Баротов ва Ҷаҳонгир Сафаров ба ҳадаф расонда, голи “Файзканд”-ро Абдухалил Боронов вориди дарвозаи рақиб кард.
Манбаъ афзуд, ки ду бозӣ миёни "Хуҷанд" – "Равшан" ва "Душанбе" – КМВА мусовӣ бидуни ягон гол хотима ёфтанд.
Дастаи "Эсхата" дар майдони худ тими "Куктош"-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозингари тими меҳмон Азизбек Султонов дар дақиқаи 7 бо зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро кушод. Ба ин гол тими мизбон тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муъминов ва Аҳрор Иноятов бо се гол ҷавоб доданд ва тими меҳмон шикаст хӯрд.
Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рақибони ӯзбекашон шикаст хӯрданд
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар бозии дигар тими “Истиқлол” ба дарвозаи “Хатлон” шаш голи беҷавоб зад. Рустам Соиров ду гол Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ханонов, Шервонӣ Мабатшоев, якголӣ ба номашон сабт карданд, омадааст дар иттилоия.
Зимни натиҷагирии понздаҳ даври Чемпионати Тоҷикистон муайян гардид, ки тими “Хуҷанд” бо 29 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. “Истиқлол”, ки нисбат тими “Хуҷанд” ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 хол дар ҷои дуюм аст. “Истаравшан” бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.
Бозиҳои даври навбатӣ 20-21 август ба нақша гирифта шудааст. Дар даври даври 16-ум КМВА бо “Хуҷанд”, “Хатлон” бо “Душанбе”, “Куктош” бо “Файзканд”, “Равшан” бо “Эсхата” ва “Истиқлол” бо “Истаравшан” майдондорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0