https://sputnik.tj/20210816/afghoniston-dast-tolibon-hozir-ruh-1041664763.html
Афғонистон дар дасти Толибон*: ҳозир чӣ рух дода истодаст
Афғонистон дар дасти Толибон*: ҳозир чӣ рух дода истодаст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиёни Толибон* мегӯянд, вазъ дар Афғонистон ором аст, аммо майдони асосии ҳавоии Кобул феълан пури одамони дар ҳоли фирор буда, гоҳо дар ин ҷо тирпаронӣ рух медиҳад
2021-08-16T12:50+0500
2021-08-16T12:50+0500
2021-08-16T12:55+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
кобул
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963217_0:54:3073:1782_1920x0_80_0_0_11051dee60f06a02055220f65e84fe31.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон ором мебошад, хабар додааст Reuters бо такя ба намояндагони созмони мамнӯи Толибон*. Ба иттилои ҷангиёни Толибон*, хабаре дар бораи даргириҳо ба онҳо нарасидааст. "Вазъият муътадил аст, тавре мо маълумот дорем", - таъкид намудаст намояндаи Толибон*Манбаъ таъкид кардааст, Толибон* дастур гирифтаанд, ки "ҳаёт, моликият ва шаъну шарафи афғонҳоро ҳимоят кунанд". Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ва шаҳрҳои бузург ба дасти Толибон* гузаштанд. Ҷангиёни ин созмон вориди Кобул ва Кохи раисиҷумҳур шуданд. Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон истеъфо доду кишварро тарк намуд. Манобеъ менависанд, дар пайи вуруди Толибон* ба Кобул дар шаҳр тарсу ваҳм фарогир шуд. Бисёриҳо қасди тарки пойтахт карданд ва феълан ин кор танҳо тариқи фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай имконпазир аст. Қаблан парвозҳои тиҷорӣ дар ин майдони ҳавоӣ қатъ карда шуданд. Феълан аз бенизомиҳо дар фурудгоҳ хабар дода мешавад, ки нерӯҳои ИМА сӯи афроде, ки тарафи хатти парвозу фуруд медавиданд, тир холӣ намуданд ва чанд нафар ба ҳалокат расидааст. Фурудгоҳ пури одам аст, ки талош доранд бо ҳавопаймо тарки кишвар намоянд. Бархе аз кишварҳо тахлияи дипломатҳояшонро аз Кобул идома дода истодаанд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210816/ismoil-hon-amiri-hirot-mashhad-eron-raft-1041663368.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963217_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_18d3c79479427374f07450e7750b5951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ором, кобул, фурудгоҳ
афғонистон, толибон, ором, кобул, фурудгоҳ
Афғонистон дар дасти Толибон*: ҳозир чӣ рух дода истодаст
12:50 16.08.2021 (Навсозишуда: 12:55 16.08.2021) Ҷангиёни Толибон* мегӯянд, вазъ дар Афғонистон ором аст, аммо майдони асосии ҳавоии Кобул феълан пури одамони дар ҳоли фирор буда, гоҳо дар ин ҷо тирпаронӣ рух медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон ором мебошад, хабар додааст
Reuters бо такя ба намояндагони созмони мамнӯи Толибон*.
Ба иттилои ҷангиёни Толибон*, хабаре дар бораи даргириҳо ба онҳо нарасидааст.
"Вазъият муътадил аст, тавре мо маълумот дорем", - таъкид намудаст намояндаи Толибон*
Манбаъ таъкид кардааст, Толибон* дастур гирифтаанд, ки "ҳаёт, моликият ва шаъну шарафи афғонҳоро ҳимоят кунанд".
Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ва шаҳрҳои бузург ба дасти Толибон* гузаштанд. Ҷангиёни ин созмон вориди Кобул ва Кохи раисиҷумҳур шуданд.
Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон истеъфо доду кишварро тарк намуд.
Манобеъ менависанд, дар пайи вуруди Толибон* ба Кобул дар шаҳр тарсу ваҳм фарогир шуд. Бисёриҳо қасди тарки пойтахт карданд ва феълан ин кор танҳо тариқи фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай имконпазир аст. Қаблан парвозҳои тиҷорӣ дар ин майдони ҳавоӣ қатъ карда шуданд.
Феълан аз бенизомиҳо дар фурудгоҳ хабар дода мешавад, ки нерӯҳои ИМА сӯи афроде, ки тарафи хатти парвозу фуруд медавиданд, тир холӣ намуданд ва чанд нафар ба ҳалокат расидааст.
Фурудгоҳ пури одам аст, ки талош доранд бо ҳавопаймо тарки кишвар намоянд. Бархе аз кишварҳо тахлияи дипломатҳояшонро аз Кобул идома дода истодаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар