ВКД Русия хабар дод, ки дар соли 2021 чанд муҳоҷирро ихроҷ кард

© Sputnik / Константин Родиков / Гузариш ба медиабонкРейд миграционного патруля в Москве
Рейд миграционного патруля в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Обуна шудан
Қонуншиканон ва муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳазорон нафар аз Русия ихроҷ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ омори шашмоҳаи ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро эълон кард.
Тибқи маълумоте, ки шӯъба ба ТАСС ирсол кардааст, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 тақрибан 8,6 ҳазор муҳоҷир аз Русия депортатсия шудаанд.
Ҳушдори вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: то 30 сентябр буду бошатонро дар Русия қонунӣ кунед
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар муассисаҳои махсуси раёсат ва мақомоти ҳудудии он хориҷ кардани 1,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар назар аст.
Мӯҳлати будубош дар Федератсияи Русия барои беш аз ҳазор муҳоҷир кам карда шуд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки қарори манъи вуруд ба Русия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба қариб 99 ҳазор хориҷиён қабул шудааст.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи вазорат, беш аз 700 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ғайриқонунӣ дар Русия иқомат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0