https://sputnik.tj/20210815/tolibon-voridi-kobul-1041658832.html
Толибон вориди Кобул шуданд
Толибон вориди Кобул шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Хабар дода мешавад, ки ҷангҷӯён аллакай чанд ноҳияи пойтахти Афғонистонро ишғол кардаанд 15.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-15T15:19+0500
2021-08-15T15:19+0500
2021-08-15T15:19+0500
афғонистон
толибон
суқут
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764978_0:154:3073:1882_1920x0_80_0_0_958aac068ca3bd5321efaa41a43869ad.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба пойтахти Афғонистон наздик шуда, ҳузури худро дар як қатор минтақаҳо нишон доданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар ҳоли ҳозир, маълум аст, ки Толибон ноҳияи Бағрамии устони пойтахт, қаламрави Донишгоҳи Кобул, кварталҳои 13 ва 18 Кобулро ишғол кардаанд.Ин маълумотро Вазорати корҳои дохилии Афғонистон низ тасдиқ мекунад. Маъмурияти президент хабар медиҳад, ки вазъ дар пойтахт "таҳти назорат аст, ба шаҳр ҳамлае нест". Толибон эълон карданд, ки музокирот барои интиқоли Кобул ба онҳо бидуни ҷанг идома дорад. Ҳамчунин, ба ҷангиён дастур дода шуд, ки ҳамла накунанд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон аз тирандозӣ дар ин шаҳр хабар медиҳанд.Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки ба кормандони сафорати Русия дар Кобул ва дигар дипломатҳо кафолатҳои амниятӣ хоҳанд дод. Бино ба маълумоти нав, ҷангҷӯён дар ҷанубу ғарби Кобул ҳамонҳое мебошанд, ки пештар низ буданд, аммо фаъол набуданд. Нерӯҳои асосии Толибон ҳанӯз вориди пойтахт нашудаанд.
https://sputnik.tj/20210815/tolibon-marz-afghonistonro-zabt-1041657891.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764978_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_642a60207b97ce2209ce8feb1a80569e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, суқут
афғонистон, толибон, суқут
Толибон вориди Кобул шуданд
Хабар дода мешавад, ки ҷангҷӯён аллакай чанд ноҳияи пойтахти Афғонистонро ишғол кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба пойтахти Афғонистон наздик шуда, ҳузури худро дар як қатор минтақаҳо нишон доданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар ҳоли ҳозир, маълум аст, ки Толибон ноҳияи Бағрамии устони пойтахт, қаламрави Донишгоҳи Кобул, кварталҳои 13 ва 18 Кобулро ишғол кардаанд.
Ин маълумотро Вазорати корҳои дохилии Афғонистон низ тасдиқ мекунад.
Маъмурияти президент хабар медиҳад, ки вазъ дар пойтахт "таҳти назорат аст, ба шаҳр ҳамлае нест".
Толибон эълон карданд, ки музокирот барои интиқоли Кобул ба онҳо бидуни ҷанг идома дорад. Ҳамчунин, ба ҷангиён дастур дода шуд, ки ҳамла накунанд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон аз тирандозӣ дар ин шаҳр хабар медиҳанд.
Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки ба кормандони сафорати Русия дар Кобул ва дигар дипломатҳо кафолатҳои амниятӣ хоҳанд дод.
Бино ба маълумоти нав, ҷангҷӯён дар ҷанубу ғарби Кобул ҳамонҳое мебошанд, ки пештар низ буданд, аммо фаъол набуданд. Нерӯҳои асосии Толибон ҳанӯз вориди пойтахт нашудаанд.