Раиси Агентӣ гуфт, чаро нафақа кам аст: ба корфармо гӯед, маошро пурра нишон диҳад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДилмурод Давлатзода, директор Агентства социального страхования и пенсионного обеспечения
Дилмурод Давлатзода, директор Агентства социального страхования и пенсионного обеспечения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Обуна шудан
Дилмурод Давлатзода, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, гилаҳо аз камии ҳаҷми нафақа дар ҷумҳуриро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ нест.
Ӯ дар шарҳи гилаҳо аз камии нафақа гуфт, ки нафақаи ҳар як шахс аз саҳмгузории ӯ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вобастагӣ дорад.
“Низоми ҳозираи таъминоти нафақа аз шаҳрванд талаб мекунад, ки дар ташаккули сармояи нафақавӣ ва ба даст овардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ фаъол бошад. Бояд коргар аз корфармо пурра нишон додани музди меҳнат ва сари вақт пардохт намудани андозҳои иҷтимоиро талаб намояд”, - таъкид намудаст Давлатзода дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум”.
Ӯ инчунин аз соҳибкорон гила кардааст, ки новобаста аз кам будани меъёри андози иҷтимоӣ аз соҳибкорон, на андози иҷтимоиро месупоранд ва на ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисобот пешниҳод менамоянд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо, ба аксари онҳо ё нафақаи иҷтимоӣ ва ё бо андозаи хеле паст нафақа таъин мешавад, таъкид кардаст Давлатзода.
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Чаро дар Тоҷикистон пешниҳоди боло бурдани синни нафақаро напазируфтанд?
Раиси Агентӣ аз беҳбуди имконоти давлат дар бахши нафақа гуфта, афзуд, то ду сол вуҷуд доштани қарзи нафақаро дар баъзе аз манотиқи кишвар бартараф намуда, кӯшиш мекунем онро марҳила ба марҳила баланд бардорем.
Лентаи хабарҳо
0