https://sputnik.tj/20210814/gutterish-tolibon-jang-shahrvandi-1041644852.html
Даъвати Гуттереш аз Толибон*: забти қудрат ба зӯрӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ мешавад
Даъвати Гуттереш аз Толибон*: забти қудрат ба зӯрӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СММ Гуттереш мегӯяд, вазъ дар Афғонистон бисёр бад аст
2021-08-14T10:35+0500
2021-08-14T10:35+0500
2021-08-14T10:35+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
нақзи қонун
антониу гуттериш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402952_0:0:2893:1628_1920x0_80_0_0_d40b78836866097ee89ee09233320a46.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш гуфт, вазъ дар Афғонистон аз назорат берун мешавад. Ӯ дар як баёнияи вижа дар бораи вазъи кишвар гуфтааст: "Фоҷиаи мудҳиш барои мардуми азияткашида. Афғонистон аз назорат берун мешавад". Бино ба гузориши ӯ, танҳо як моҳи охир беш аз 1000 нафар қурбони ҳамлаҳо шуданд ва ҳадди ақал 241 000 нафар бехонумон монданд. Дар ин росто, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттереш аз Толибон* даъват кард, ки амалиётро дар Афғонистон қатъ кунанд ва ҳушдор дод, ки зӯроварӣ барои қудрат боиси ҷанги шаҳрвандӣ ё инзивои ин кишвар мешавад. Гуттереш ҳушдор дод, ки тасарруфи қудрат ба зӯрӣ метавонад ба "ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ ё инзивои пурраи Афғонистон" оварда расонад. Дабири кулли СММ аз нишонаҳои аввалини нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаҳои Афғонистон, ки таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд, сахт нигарон аст. "Ман аз аввалин нишонаҳои нақзи ҳуқуқ, ки Толибон* дар манотиқи таҳти назораташон, махсусан нисбати занон ва рӯзноманигорон доранд, сахт нигарон ҳастам", - гуфт ӯ.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210813/muhojirat-gureza-afghon-jang-tojikiston-1041636476.html
https://sputnik.tj/20210813/jon-medihem-nur-tajriba-jang-shuravi-olmon-1041643077.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402952_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4cdde83360871aece47281aea71faab2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гуттериш, смм, афғонистон, вазъи бад
гуттериш, смм, афғонистон, вазъи бад
Даъвати Гуттереш аз Толибон*: забти қудрат ба зӯрӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ мешавад
Дабири кулли СММ Гуттереш мегӯяд, вазъ дар Афғонистон бисёр бад аст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш гуфт, вазъ дар Афғонистон аз назорат берун мешавад.
Ӯ дар як баёнияи вижа дар бораи вазъи кишвар гуфтааст: "Фоҷиаи мудҳиш барои мардуми азияткашида. Афғонистон аз назорат берун мешавад".
Бино ба гузориши ӯ, танҳо як моҳи охир беш аз 1000 нафар қурбони ҳамлаҳо шуданд ва ҳадди ақал 241 000 нафар бехонумон монданд.
Дар ин росто, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттереш аз Толибон* даъват кард, ки амалиётро дар Афғонистон қатъ кунанд ва ҳушдор дод, ки зӯроварӣ барои қудрат боиси ҷанги шаҳрвандӣ ё инзивои ин кишвар мешавад.
"Ман аз Толибон* даъват мекунам, ки ҳамлаҳоро фавран бас кунанд ва ба манфиати Афғонистон ва мардуми он бо нияти нек гуфтушунид кунанд", - омадааст дар изҳорот.
Гуттереш ҳушдор дод, ки тасарруфи қудрат ба зӯрӣ метавонад ба "ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ ё инзивои пурраи Афғонистон" оварда расонад.
Дабири кулли СММ аз нишонаҳои аввалини нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаҳои Афғонистон, ки таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд, сахт нигарон аст.
"Ман аз аввалин нишонаҳои нақзи ҳуқуқ, ки Толибон* дар манотиқи таҳти назораташон, махсусан нисбати занон ва рӯзноманигорон доранд, сахт нигарон ҳастам", - гуфт ӯ.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар