https://sputnik.tj/20210813/suzishvori-dizeli-arzon-gaz-qimattar-narhnoma-aks-1041638813.html
Газ боз гаронтару сӯзишвории дизелӣ 10 дирам арзон шуд: нархномаи нави сӯзишворӣ - акс
Газ боз гаронтару сӯзишвории дизелӣ 10 дирам арзон шуд: нархномаи нави сӯзишворӣ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Нархи гази моеъ, умдатарин маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд боз боло рафта, ба 7 сомонӣ баробар шудааст
2021-08-13T18:35+0500
2021-08-13T18:35+0500
2021-08-13T18:38+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
энергетика
газ
гази моеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041636126_27:0:2022:1122_1920x0_80_0_0_55b394628b6ad5523263a0e2f0b97e93.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Арзиши гази моеъ тайи ду рӯзи охир то ба 7 сомонӣ расидааст. Дар баъзе шаҳру навоҳии Суғд арзиши ин навъ маводи сӯхт аз 7 сомонӣ низ боло рафтааст, мегӯянд сокинон. Убури нархи газ аз 7 сомонӣ дар Тоҷикистон бесобиқа унвон шуда, бисёре сокинон аз гароншавии нарх изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи нишондоди лавҳаҳои нарх дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ аз 20 то 30 дирам боло рафта ба 7 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо ба 7, 1 сомонӣ баробар шудааст.Нархи бензин ҳам дар ин миён ҳудуди 20 дирам боло рафтааст. Алҳол нархи бензини навъи АИ 95 – 10, 2 сомонӣ, АИ 92 - 9, 9 сомонӣ шудааст. Бино ба нархномаи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт, қиммати сӯзишвории дизелӣ назар ба як ҳафта қабл то 10 дирам поён шуда, ба 9, 3 сомонӣ ва дар баъзе ҷойҳо ба 9, 1 сомонӣ баробар гардидааст. Дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ нархи гази моеъ 3 сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 4 сомонӣ ё аз 40 то 45% баланд шудааст. Моҳи январи соли дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷорӣ гази моеъ ҳудуди 4 сомонӣ ва бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ нарх доштанд. Мусофирон мегӯянд, дар пайи гарон шудани нархи маводи сӯхт, ҳоло арзиши хизматрасонии мусофирбарҳо низ дар шаҳру навоҳии Суғд то 50 дарсад боло рафтааст. Масъулони идораи зиддиинҳисорӣ то ҳол сабаби ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши маводи сӯхтро расман шарҳ надодаанд. Сокинон мегӯянд, болоравии арзиши маводи сӯхт ба буҷаи бе ин ҳам харобашон зарбаи ҷиддист.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041636126_276:0:1772:1122_1920x0_80_0_0_2d322dad0c1c72a6db66565ca2aef626.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, газ, сӯзишворӣ, қимат, сомонӣ, гарон, бозор, маводи сӯхт
нарх, газ, сӯзишворӣ, қимат, сомонӣ, гарон, бозор, маводи сӯхт
Газ боз гаронтару сӯзишвории дизелӣ 10 дирам арзон шуд: нархномаи нави сӯзишворӣ - акс
18:35 13.08.2021 (Навсозишуда: 18:38 13.08.2021) Нархи гази моеъ, умдатарин маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд боз боло рафта, ба 7 сомонӣ баробар шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Арзиши гази моеъ тайи ду рӯзи охир то ба 7 сомонӣ расидааст. Дар баъзе шаҳру навоҳии Суғд арзиши ин навъ маводи сӯхт аз 7 сомонӣ низ боло рафтааст, мегӯянд сокинон.
Убури нархи газ аз 7 сомонӣ дар Тоҷикистон бесобиқа унвон шуда, бисёре сокинон аз гароншавии нарх изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тибқи нишондоди лавҳаҳои нарх дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ давоми ду рӯзи охир арзиши гази моеъ аз 20 то 30 дирам боло рафта ба 7 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо ба 7, 1 сомонӣ баробар шудааст.
Нархи бензин ҳам дар ин миён ҳудуди 20 дирам боло рафтааст. Алҳол нархи бензини навъи АИ 95 – 10, 2 сомонӣ, АИ 92 - 9, 9 сомонӣ шудааст.
Бино ба нархномаи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт, қиммати сӯзишвории дизелӣ назар ба як ҳафта қабл то 10 дирам поён шуда, ба 9, 3 сомонӣ ва дар баъзе ҷойҳо ба 9, 1 сомонӣ баробар гардидааст.
Дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ нархи гази моеъ 3 сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 4 сомонӣ ё аз 40 то 45% баланд шудааст.
Моҳи январи соли дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷорӣ гази моеъ ҳудуди 4 сомонӣ ва бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ нарх доштанд. Мусофирон мегӯянд, дар пайи гарон шудани нархи маводи сӯхт, ҳоло арзиши хизматрасонии мусофирбарҳо низ дар шаҳру навоҳии Суғд то 50 дарсад боло рафтааст.
Масъулони идораи зиддиинҳисорӣ то ҳол сабаби ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши маводи сӯхтро расман шарҳ надодаанд. Сокинон мегӯянд, болоравии арзиши маводи сӯхт ба буҷаи бе ин ҳам харобашон зарбаи ҷиддист.