Бозори арзи Тоҷикистон: қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ эълон шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Асъори аврупоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1535 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, тағйир ёфтааст ва дар ҳудуди 11.3228 қарор дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз қабл асрзиши 1 доллар 11.3230 буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13.2816 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 13,2672 буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3228 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2816 то 13.5500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1535 то 0.1545 сомонӣ
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0