https://sputnik.tj/20210813/khf-tafsilot-sadama-purqurboniro-oila-janoza-1041625490.html
КҲФ тафсилоти садамаи пурқурбониро гуфт: як оила ҷанозаи занро барои дафн мебурд
КҲФ тафсилоти садамаи пурқурбониро гуфт: як оила ҷанозаи занро барои дафн мебурд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи маргбор дар ноҳияи Дарвозро, ки ҳомили аъзои як хонавода будаанд, шарҳ додааст
2021-08-13T12:27+0500
2021-08-13T12:27+0500
2021-08-13T15:07+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
вмкб
фавти 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/50/1024255053_0:55:2048:1207_1920x0_80_0_0_c143cab99ffb8a943a6c92b3ae3192e1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ 12 августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз рух дод. Ба иттилои ин ниҳод, мошини тамғаи "Lexus 470", ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум дар дарёи Панҷ сарозер шуд. Зикр шудааст, ки аъзои оила ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми маросими гӯру чӯб ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Ба иттилои КҲФ, дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.Аммо ВКД иттилоъ додааст, ки мошин ҳомили ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим будааст, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардаастВазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронанда Шодибек Зераков, сокини 41 - солаи Ишкошим ва аз мусофирон Муродмаҳмадова Соҳибнисо ва Ҳайдарбеков Толибек, ҳардуяшон 53-сола, писарашон Ҳайдарбеков Вафои 29-сола, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ном бурдаст. Миёни қурбониён инчунин пайванди дигари ин хонавода Мазабшоев Руслан, сокини 25-солаи ноҳияи Ишкошим будааст.Манбаъ афзуд, ки аз соҳили дарё, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ҷасади Ҳайдарбеков Вафо ва Муродмамадова Соҳибнисо ва ҳамчунин сандуқи чӯбин бо ҷасади Абдураҳмонова ёфт шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад.Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.Дар ҳамин ҳол КҲФ аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.
https://sputnik.tj/20210813/vkd-dshahsiyati-qurboniyoni-sadama-vmkb-1041630256.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/50/1024255053_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_eb1bc1e64142445e584250b6f17c0556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, пурқурбонӣ, ҳалокат
тоҷикистон, садама, пурқурбонӣ, ҳалокат
КҲФ тафсилоти садамаи пурқурбониро гуфт: як оила ҷанозаи занро барои дафн мебурд
12:27 13.08.2021 (Навсозишуда: 15:07 13.08.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи маргбор дар ноҳияи Дарвозро, ки мошини ҳомили аъзои як оила ғарқи дарё шудааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ 12 августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз рух дод.
Ба иттилои ин ниҳод, мошини тамғаи "Lexus 470", ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум дар дарёи Панҷ сарозер шуд.
"Ҳангоми ҳодиса дар ин мошин 4 нафар мусофир ва ронанда, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, сафар доштанд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудааст, ки аъзои оила ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми маросими гӯру чӯб ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Ба иттилои КҲФ, дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
Аммо ВКД иттилоъ додааст, ки мошин ҳомили ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим будааст, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронанда Шодибек Зераков, сокини 41 - солаи Ишкошим ва аз мусофирон Муродмаҳмадова Соҳибнисо ва Ҳайдарбеков Толибек, ҳардуяшон 53-сола, писарашон Ҳайдарбеков Вафои 29-сола, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ном бурдаст. Миёни қурбониён инчунин пайванди дигари ин хонавода Мазабшоев Руслан, сокини 25-солаи ноҳияи Ишкошим будааст.
Манбаъ афзуд, ки аз соҳили дарё, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ҷасади Ҳайдарбеков Вафо ва Муродмамадова Соҳибнисо ва ҳамчунин сандуқи чӯбин бо ҷасади Абдураҳмонова ёфт шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад.
Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.