https://sputnik.tj/20210812/turkiya-obhezi-shadid-1041610102.html
Офати дигар дар Туркия: бедодгарии обхезии шадид - видео
Офати дигар дар Туркия: бедодгарии обхезии шадид - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло Туркия пас аз сӯхтори мудҳиш дар ҷангал ба худ наомада буд, ки боз обхезии шадид ин кишварро фаро гирифт. Мардумро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд
2021-08-12T14:30+0500
2021-08-12T14:30+0500
2021-08-12T14:30+0500
видео
туркия
обхезӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041609799_233:0:985:423_1920x0_80_0_0_59347cd9f70ecb9db2eedc67b2da1ce5.jpg
Дар Туркия дар паи боронгариҳои шадид, обхезӣ рух дод. Дар паи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, 4 тан ҷон аз даст дод.Обхезӣ вилоятҳои Бартин, Карабюк, Кастамон ва Синопро хароб кард. Наздики 12 деҳа бе барқ монду 13 кас захмӣ гардид. Дар вилояти Бартин купрук валангор шуд.Сӯхтори ҷангал дар Туркия ба олами ҳайвонот таҳдид мекунадАксари биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо таги об монданду мошинҳо дар рӯи об шино мекунанд. Мардумро бо заврақ ба маконҳои бехавф мекӯчонанд.Ёдрас мешавем, ки аз авохири моҳи июл Туркияро сӯхтори шадиди ҷангалӣ фаро гирифта буд. Дар авҷи мавсими сайёҳӣ аксари курортҳоро дуди ғализ иҳота кард. Сӯхтори мудҳиш дар Туркия: аксҳо аз ҷои ҳодисаАз маконҳои тамошобоб сайёҳонро кӯчониданд. Ҳукумат сабаби сӯхторро оташ задан гуфтанд, вале дертар яке аз ташкилотҳои террористӣ изҳор дошт, ки ин кори дасти онҳо ҳаст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041609799_327:0:891:423_1920x0_80_0_0_323317c28db901e09b5406a1b3932163.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обхезӣ, туркия
Офати дигар дар Туркия: бедодгарии обхезии шадид - видео
Ҳоло Туркия пас аз сӯхтори мудҳиш дар ҷангал ба худ наомада буд, ки боз обхезии шадид ин кишварро фаро гирифт. Мардумро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд
Дар Туркия дар паи боронгариҳои шадид, обхезӣ рух дод. Дар паи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, 4 тан ҷон аз даст дод.
Обхезӣ вилоятҳои Бартин, Карабюк, Кастамон ва Синопро хароб кард. Наздики 12 деҳа бе барқ монду 13 кас захмӣ гардид. Дар вилояти Бартин купрук валангор шуд.
Аксари биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо таги об монданду мошинҳо дар рӯи об шино мекунанд. Мардумро бо заврақ ба маконҳои бехавф мекӯчонанд.
Ёдрас мешавем, ки аз авохири моҳи июл Туркияро сӯхтори шадиди ҷангалӣ фаро гирифта буд. Дар авҷи мавсими сайёҳӣ аксари курортҳоро дуди ғализ иҳота кард.
Аз маконҳои тамошобоб сайёҳонро кӯчониданд. Ҳукумат сабаби сӯхторро оташ задан гуфтанд, вале дертар яке аз ташкилотҳои террористӣ изҳор дошт, ки ин кори дасти онҳо ҳаст.