Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон гуфт, ки марз бо Тоҷикистон кай боз мешавад

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Ҷониби Қирғизистон шарти боз кардани марзҳояш бо Тоҷикистонро гуфт
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон марз боз мешавад. Дар ин бора котиби Шӯрои амният Марат Иманқулов дар як мизи мудаввар дар Бишкек хабар дод.
Вай ҳамчунин хотиррасон кард, ки Қирғизистон аввал марзҳояшро набаст, балки танҳо посух дод, хабар медиҳад 24.kg.

"Ҳоло мо дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҳамкории зич дорем. Инчунин маълум аст, ки президентҳои кишварҳои мо мулоқот доир намуда, мушкилоти марзиро баррасӣ карданд. Вақте ки масъалаҳои сарҳад ҳал мешаванд, марз бояд кушода шаванд ”, - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пас аз муноқишаҳои хунини апрелӣ баста шуд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Отверстие от пули в больнице, в Баткенской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Тир дар тирезаи беморхона: оташкушоии шахси номаълум дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0