https://sputnik.tj/20210812/elon-omor-giriftor-shifo-koronavirus-tojikiston-1041604768.html
Эълони омори нави гирифторӣ, ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Эълони омори нави гирифторӣ, ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
2021-08-12T09:34+0500
2021-08-12T09:34+0500
2021-08-12T09:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
гирифторон
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031568555_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e7f4ad192e1b184a273fabbcb53693ed.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 70 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 76 нафар сиҳат шуданд.Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 123 нафарро ташкил медиҳад.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 11 август дар кишвар 15862 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15428 нафар (97,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 123 нафар фавтидаанд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
https://sputnik.tj/20210811/margovar-yota-koronavirus-1041589793.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031568555_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_f5a5c8d75f9c058924d261d9df50e189.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, омор, гирифторӣ, шифо, коронавирус, тоҷикистон
эълон, омор, гирифторӣ, шифо, коронавирус, тоҷикистон
Эълони омори нави гирифторӣ, ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
09:34 12.08.2021 (Навсозишуда: 09:41 12.08.2021) Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки давоми рӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 70 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 76 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 123 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 11 август дар кишвар 15862 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15428 нафар (97,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 123 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.