Боздошти гумонбарони қатли даҳшатбори падару се фарзандаш дар Ҷайҳун

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Тафтиши ҷинояти мудҳиш идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилои кутоҳ хабар додааст, ки бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи аъзои як оила дар Ҷайҳун ду мардро боздошт кардааст.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур бо иттиҳоми куштор дастгир карда шуданд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Вазорат ҷузъиёти ҳодисаи кушторро шарҳ надодааст.
Қаблан Рамазон Раҳимзода куштори чор узви як хонаводаро ҳодисаи даҳшатбод номида гуфт, аз рафти минбаъдаи тафтишот мардумро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Ёдрас мешавем, ки қаблан прокурори вилояти Хатлон, Абдураҳим Раҳимзода гуфта буд, тафтишот идома дорад ва ҳоло пурра муайян нашудааст, ки куштор аз тарафи кӣ содир шудааст.
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Бо табар заданду алав сар доданд: шарҳи прокурор аз куштори 4 узви як хонавода дар Ҷайҳун
Хабари куштори 4 узви як хонавода дар вилояти Хатлон дар мобайнҳои моҳи июни соли равон сокинонро такон дода буд.
Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи як сокини деҳа, марди 39-сола, Аҳлиддин Маҳмадов шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд.
Дар ду ҳуҷра 4 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд. Дертар маълум гардид. ки се узви ин хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида худи соҳибхона пас аз ним соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0